Асосгузори илми алгебра - Ал Хоразмӣ

Асосгузори илми алгебра - Ал Хоразмӣ

Хоразмӣ Муҳаммад ибни Мусо (780 – Хева, 850 - Бағдод), ҳайатшинос, риёзидон, муаррих ва ҷуғрофидони асрҳои миёнаи Шарқ. Аслан эронинажод будааст.

 

Ҷавонӣ

Аз ҷавонӣ ба омўзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — ш Бағдод рафт. Дар он ҷо ба «Байт-ул-ҳикмат»-и Маъмун дохил шуда, ҳамроҳи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илмӣ машғул шуд. Дар натиҷаи тарҷумаи осори фалсафӣ, риёзӣ, тиббӣ, ҳайатшинос ва ғ. (аз забонҳои юнонию суриёӣ ва паҳлавию санскрит) бо ташаббуси Маъмун (Байт-ул-ҳикмат» ба маркази илмии бузурге табдил ёфт, ки дар он Хоразмӣ, Абулвафои Бузаҷонӣ, Исҳоқи Ибодӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абулаббоси Найрезӣ, Абуҷаъфари Хуросонӣ, Абулфатҳи Исфаҳонӣ ва писарони Ибни Шокир — Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан барин олимони машҳур анъанаи тадрису таълимро давом дода, ба ҳалли бисёр масъалаҳои илмҳои дақиқ кўшиданд ва дар асарҳояшон ба кашфиёти бузурги илмӣ ноил шуданд.

 

Асарҳои Xоразмӣ

Аввалин асари Xоразмӣ «Сурат-ул-арз» мебошад. Дар он роҷеъ ба маҳали ҷойгиршавии шаҳрҳо, куҳҳо, дарёҳо, баҳрҳо ва ҷазираҳо маълумоти фаровон оварда шудааст; инчунин ҷадвали арзу тули шаҳрҳое дода шудааст, ки дар паси хати истиво (экватор) ҷой гирифтаанд. Асари дигар «Зичи Хоразмӣ» бо номи «Зичи Маъмунӣ» низ машҳур аст. Дар он Xоразмӣ ақидаҳои ҳайъатшиноси машҳур Абуабдуллоҳ ибни Иброҳимро шарҳу тафсир намуда, зимни он ҷадвали синус ва тангенсро илова кардааст, ки он ҷадвали хордаи Батлимусро иваз намудааст. Дар асар масъалаҳои ҳаракати Офтоб ва Моҳ баррасӣ шуда, усули муайян кардани суръати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ, андозаҳои Офтобу Моҳ пешниҳод шудааст. Дар давраи Xоразмӣ баъди «Зичи шаҳриёр», ки дар аҳди Сосониён тартиб дода шуда буд, тарҷумаи «Алмачастӣ»-и Батлимус ба инкишофи илми ҳайъат мусоидат кард. Равишҳои махсуси расадбандӣ ба вуҷуд омаданд, роҳу усулҳои арифметикию геометрӣ ва тригонометрии мусоҳиба бештар истифода мешуданд. Устурлоберо, ки қабл аз ислом сохта шуда буд, ҳайъатшиносон такмил доданд. Он амалан то замони Г. Галилей истифода мешуд. Тарзи истифода ва амали онро Xоразмӣ дар «Амал-ул-устур-лоб» ном асараш нишон додааст. Асбоби дигари астрономиеро, ки имрўз бо номи «секстант» маълум аст, Xоразмӣ дар мушоҳидаи астрономии расадхонаи «Шамсия»-и Маъмун дар Бағдод истифода бурдааст ва натиҷаҳои ин мушоҳидаро дар асараш «Китобу ҳаракат-ил-фалак-ил-уло» ҷамъбаст намудааст.

Бино ба маълумоти муҳақиқи муосири эрон Муҳаммади Рашшод Xоразмӣ ҳамроҳи писарони Ибни Шокир ва Аҳмади Фарғонӣ бо супориши Маъмун дарозии умумии бурриши қутрии кураи заминро муайян кардааст, ки он аҳамияти калони илмӣ дорад. Онҳо ба воситан устурлоб як дараҷаи доираи меридианро аз нуқтаи маълуми саҳрои Санҷар ба шим. ғарб бо усули механикӣ муайян намуда, натиҷаи онро ба 360 дараҷа зарб зада, дарозии умумии кураи заминро ҳисоб кардаанд.

Илми риёзӣ дар давраи Xоразмӣ дар заминаи анъанаҳои қадимаи маданияти бостонӣ тараққӣ карда буд. Дар ин давра мактабҳои риёзии Бағдоду Димишқ, ва Қоҳира амал мекарданд. Дар онҷо масъалаҳои гуногуни ҳисоб, ҳандаса, мусалласот (тригонометрия), ва ғ. баррасӣ мешуданд. Абдуллоҳи Баттонӣ косинус ва секансро кашф карда, ба ҷои синус хордаи мансуб ба кунҷро татбиқ, намуд. Абўкомил муодилаҳои квадратиро тадқиқ намуда, се гурўҳи бузургиҳо — ададҳои содда, реша ва квадратҳоро ҷудо кард ва дар баъзе ҷойҳо нишондиҳандаҳои олии номаълумро низ ҳамроҳ намуд. Риёзидони мактабҳои мазкур синуси як дараҷаро ҳисоб карда, дар бораи сектори конус ва тақсими кунҷ ба се қисмат, бурришҳои конусӣ (гиперболаҳои баробартараф) кашфиёти тоза ба даст оварданд. Xоразмӣ дар рисолааш «Китоб-ул-ҷамъ в-ат-тафриқ би ҳисоб-ил-ҳинд» аввалин бор рақамҳои ҳиндиро дар системаи ҳисоби позиционии ададҳо истифода намуд. Дар асари дигараш «Алҷабр ва-л-муқобала» ҳалли муодилаҳои квадратиро тадқиқ карда, ба илми алгебра асос гузоштааст. Маънои «алҷабр» дар риёзиёт барқарор кардан аст, вале баъди тарҷумаи китоби мазкур ба забони лотинӣ ва диг. забонҳои Ғарб бо номн «Либер Алгоризм» (китоби Хоразмӣ) машҳур шуд ва минбаъд ноии «Хоразмӣ» (лотиниаш «Алгоризм») дар Ғарб ба номи алгебра табдил ёфт.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Xоразмӣ 12 асар таълиф намудааст, ки баъзеи онҳо (мас., «Рисолаи таърих», «Рисолаи мусиқӣ» ва ғ.) то ба замони мо нарасидаанд. С. 1983 бо қарори ЮНЕСКО 1200-умин солгарди зодрўзи Xоразмӣ қайд карда шуд. Ба ин муносибат як қатор асарҳои ў дастраси хонандагон гардиданд.

Афкори табиию илмии Xоразмӣ ба назарияҳои натурфалсафии Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ, Баҳоуддини Омилӣ ва Алӣ Қушчӣ барин нобиғаҳои илму ҳикмати Шарқ таъсири зиёде расонда, такони бузурге барои рушди афкори илмии давраи Эҳён Ғарб гардидааст.

 

«Адабиёт»

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар, сафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, кам шудааст. Гуфта мешавад, ки дар давраи...


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш – ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад.   Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи...


Фазилати Иди Курбон

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз...