1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти кишвар 30,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин пешрафт асосан аз ҳисоби зиёд шудани содироти маҳсулоти маъдан, аз ҷумла семент, консентрати маъдан ва нерӯи барқ (131%), инчунин металлҳои қиматбаҳо (208%) ва маҳсулоти бофандагӣ (32%) ба даст омадааст. Ҳаҷми воридот низ дар ин давра 26,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Таҳлилгарон ин равандро бо баланд шудани талаботи дохилӣ ва афзоиши сармоягузорӣ вобаста медонанд. Аз ҷумла, воридоти мошинҳо ва таҷҳизот ба кишвар 49,3 фоиз зиёд шудааст.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки густариши тиҷорати хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад. Тибқи пешгӯиҳои Бонки АвруОсиёии Рушд, дар соли 2026 рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 8,1 фоиз мерасад.

Дар ҳамин росто, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар устувор буда, рушди босуръати иқтисоди миллӣ таъмин гардидааст. Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати миёнасолонаи рушди иқтисод 7,6 фоизро ташкил додааст.

Бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 670 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки аз ин маблағ 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 то 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давра шумораи аҳолӣ 26 фоиз зиёд шуда, ба 10,7 миллион нафар расидааст. Сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 ҳаҷми даромади аҳолӣ ба 165 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Дар маҷмуъ, соли 2025 ҳаҷми ММД-и кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4 фоизро ташкил додааст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...