Фазилати Иди Курбон

Фазилати Иди Курбон

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз мусулмонон барои хушнудии Худованд қурбонӣ мекунанд ва тавре Расули акрам ﷺ фармудаанд: «Бузургтарин айём назди Парвардигор рўзи қурбонӣ аст» (Абудовуд).

 

Иди Қурбон ба рўзи даҳуми Зулҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ (имсол тибқи тақвим ба 27 май) рост меояд.

Дар истилоҳи мардуми кишвари мо ин идро иди Қурбон гўянд, зеро дар ин рўз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расули акрам ﷺ бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гуштро садақа мекунанд.

 

Аз Зайд ибни Арқам (раз.) ривояте аст, ки асҳоби Пайғамбари Худо ﷺ аз Ў ﷺ пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ ﷺ, ин қурбониҳо чист» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: «Пас чӣ суде барои мо дорад» Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мўи он як ҳасана (некӣ) барои шумо (ба қурбоникунанда) дода мешавад» («Мустадрак»-и Ҳоким»).

Адо кардани қурбонӣ бояд пас аз адои намози ид то намози шоми рўзи сеюми ид ба ҷо оварда шавад: «ҳар касе мисли мо намоз бихонад ва баъд аз намоз мисли мо қурбонӣ кунад, қурбониаш баҷо мебошад ва ҳар касе, ки қабл аз намоз забҳ кунад аз ў пазируфта нест» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ).

Мустаҳабаст тақсим кардани гўшти қурбонӣ ба 3 қисм: як ҳисса барои аъзои хонавода, як ҳисса барои садақа ва ҳиссаи сеюмаш барои ҳадя.

Аз Абдулло ибни Умар (раз.) чунин омадааст: «Баъди ҳиҷрат намудан Пайғамбар ﷺ аз Макка) ҳудуди 10 сол дар Мадина ҳаёт ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд» (Тирмизӣ).

Қурбонӣ аз ҷумлаи воҷиботи исломӣ буда, ин амал танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имкониёти васеи моддиву молӣ доранд. Қурбонӣ ба ҳар шахси мусулмони оқил, болиғ ва соҳибнисоби закот, муқим воҷиб мешавад. Ҳар гоҳ он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ў воҷиб шавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад ё зару зевар, ё моли тиҷорат, ё макони зиёдатӣ, ки дар он зиндагӣ намекунад. Қурбонӣ аз ҷумлаи он ибодатҳоест, ки дар рўзҳои муайян адо карда мешавад. Яъне рўзҳои анҷоми ин ибодат 10,11 ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа буда, ба ғайр аз ин айём адо намегардад.

Ҷонвароне, ки бо забҳи онҳо қурбонӣ дуруст мешавад, буз ва гўсфанд аз тарафи як нафар, гов ва шутур аз ҷониби то ҳафт нафар, ба шарте ки ҳама ба нияти қурбонӣ ва ризои Худо бошанд. Сину соли ҷонвари қурбонӣ низ аз ҷониби шариат ба назар гирифта шудааст. Масалан, буз ва гўсфанд ҳар навъе, ки бошад, яксола будани он лозим аст ва агар гўсфанде, ки аз шашмоҳа боло бошад, вале бо сабаби фарбеҳӣ ба яксола монанд бошад, қурбонии он дуруст аст. Гов дусола ва шутур бояд панҷсола бошад. Инчунин шариат солим будани молро аз ҳама айб зарурӣ донистааст, агар моли қурбонӣ якчашма ё тамоман кўр бошад, қурбонӣ дуруст нест. Шохи мол аз бехаш шикаста бошад, қурбонии он дуруст нест, аммо аз пайдоиш шох надошта бошад ва ё шохаш на аз бех шикаста бошад, қурбонӣ намудани он дуруст мегардад.

Аҳкоми идҳои исломӣ гувоҳи онанд, ки таълимоти Ислом саршори ғояҳои эҳсону накўкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонавода, меҳру муҳаббату мурувват ба наздикону дўстон, муомилаи хуб бо ҳамсоягон, аёдати беморону ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайри гузаштагон ва ғайра. Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, афв, чеҳраи хандону оғўши кушода, аз манфиати худ боло гузоштани манфиати ҷомеа ва миллату давлат, саъю кўшиш барои анҷом додани танҳо аъмоли нек аст.

Анас ибни Молик (раз.) ривоят мекунад, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Яссиру ва ло туъассиру ва башширу ва ло тунаффиру» (Осон бигиред ва душвор нагардонед башорат (хабари хуш) диҳеду гурезон накунед (нафрат наоред). (Бухорӣ).

Дар Қуръони карим инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хўша мебарояд ва ҳар хўшаи он сад дона дорад.

 «Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, монанди масали як дона аст, ки хўшаро бирўёнад дар ҳар хўша сад дона аст. Ва Худо ба ҳар ки хоҳад, дучанд медиҳад; ва Худо фарохнеъмати Доно аст» (сураи «Бақара», ояти 261). Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад ва садақаро омили рушду тараққии моддӣ ва маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст. Дуруст ба роҳ мондани садақа ва хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон ниёзмандон сарфаю сариштакорӣ дар маъракаю маросим тарбияи насли наврас тарғиби омўзиши илм пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд. Аз ин лиҳоз падару модаронро зарур аст, то вазифаи асосии хеш - тарбияи дурусти фарзандонро ба ҷо оранд.

Иди Қурбон рўзи шод намудани фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути саховатмандони доро мебошад, бинобар ин, онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли наздикони худ, фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, зеро ин рўзи дўстиву муҳаббату бародарист.

Қурбонӣ яке аз амалҳои беҳтарин ва бузургтарин назди Худованд маҳсуб гардида, дар бобати фазилатҳои Қурбонӣ кардан ҳадисҳои зиёде мавҷудан ва дар ҳадисе Расули акрам ﷺ чунин фармудаанд: «Беҳтарин ва писандидатарин амали инсон рўзи иди Қурбон аз дидгоҳи Худованд, ин забҳ ва рехтани хуни ҳайвони қурбонишаванда аст. Дар рўзи қиёмат ҳайвони забҳшуда бо шохҳо, сумҳо ва мўйҳои худ ҳозир мешавад (яъне дар баробари ҳамаи инҳо ба шахси қурбонӣ карда подош дода мешавад). Пеш аз рехтани хуни ҳайвони қурбонӣ ба замин, Худованд гуноҳҳои қурбоникунандаро афв намуда, қурбониашро ба даргоҳаш қабул менамояд, пас бо забҳи ҳайвони қурбонишаванда худатонро хушҳол кунед» (Тирмизӣ)

Боиси хурсандист, ки дар рўзҳои ид ва дигар маросими расмӣ ба мўҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кўмаки моддӣ, дастгирии ниёзмандону муҳтоҷону ятимон яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон ин амал тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.

 

(«Баҳрур-роиқ»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...