Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар, сафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, кам шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар давраи ҷанг 300 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба ҷабҳа рафта, беш аз 90 ҳазори онҳо дигар ба Ватан барнагаштанд.

Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон, 56 ҳазор нафар барои хидматҳои ҳарбӣ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд.

Ғайр аз ин, 56 сокини ҷумҳурӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар Кавалерҳои пурраи Ордени Шӯҳрат мебошанд.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 100 ҳазор сокин аз саросари ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шуда буданд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...