Абулфазли Майбадӣ

Абулфазли Майбадӣ

Абулфазли Майбадӣ

Абулфазл Рашидиддини Майбадй дар нимаи дувуми асри XI таваллуд ёфтааст. Ӯ аз хурдй ба хондан шавқу завқ дошт ва пайваста ба омухтани илмҳои маъмули замонааш саъю талош мекард. Махсусан, илмҳои калом, ҳадис, фиқҳро дар назди донишмандони соҳибном ба хубй аз худ намуд. Пасон ба Бағдод рафта, аз фақеҳони шинохта даре гирифт ва дониши хешро васеъ ва мукаммал сохт.

Абулфазли Майбадӣ соли 1155 вафот кард. У асарҳои зиёд дойр ба тасаввуф иншо кардааст. Бузургтарин асари Абулфазл “Кашфуласрор” мебошад. Донишманд ин асари бузургро дар давоми солҳои тулонй эҷод карда, онро соли 1126 ба итмом расонидааст. “Кашфуласрор” тафсири сураю оятҳои Қуръон аст. Муаллиф ҳангоми тафсири оятҳои ин китоби муқаддас, аз ҳадисҳои Расули Акрам, аз рузгори хулафои Рошиддин, шайхони муътабар, фақеҳони ба ҳақрасида ва ба хусус, Абдуллоҳи Ансорй нақлу ҳикоятҳои дилангез овардааст, ки ҳоло аз ҳамин китоби муътабар – “Кашфуласрор” бароятон чанд ҳикоятеро меорем.

Насиҳат

Насиҳат кардан ва шафқат намудан аз ҳеч мусулмон боз нагирй ва худро аз ҳама кас камтар донй ва ҳаққи ҳама кас фаро пеши хеш дорй ва инсоф ҳама аз худ бидиҳй, то исори ҳусни ахлоқ бошад. Аз хилофу маъризаи1 бародарон ва дуруғзан кардани эшон бипарҳезй. Эшонро сухани дурушт ва ҷавоби нохуш нагуйй.

Юсуф Ҳусайни Розй аз Зунуни Мисрй2 пурсид:

- Бо кй суҳбат кунам

Гуфт:

- Суҳбат бо касе кун, ки мар уро мулк набувад. Яъне, он чй дорад бо худ надорад. Ҳар ҷо хусумат аст, аз он афтодааст. Туву ман дар миён аст. Чун туву ман аз миён бархезад, ҳеҷ хусумат намемонад.

Гуфто:

- Мардеро зане буд ва дар кори ишқи вай нек рафта буд. Ва он занро сапедие дар чашм буд. Ва мард фарти (ба хотири) Эшон савганд хурданд, ки бомдод пинҳон аз дарвешон раванд ва мева чинанд. Ва он гоҳ дар хоб шуданд. Раббулоламин он шаб оташе фуру кушод, то ҳар чй дар он бустон буд ҳама бисухт ва хокистар гардид. Ва эшон аз он ҳолу аз он азоб бехабар. Он шаб бар он азму он тақдир хуфта. Пас чун дар бустон шуданд, дарахтон ва зироати он диданд сухта ва хокистар гашта, гуфтанд:

- Мо роҳ гум кардем. Магар ин на бустони мост? Чун нек нигоҳ карданд, бидонистанд, ки чурм эшонрост, ки ҳаққи дарвешон боз гирифтанд ва гуфтанд:

- На, на, роҳ гум накардаем, ки ин бустони мост. Моро аз мева ва барои он маҳрум кардаанд ва аз неъмат бебаҳра мондаем. Бо он, ки ҳаққи дарвешон боз гирифтем. Бозгаштанд ва ҷурми3 худ иқрор4 карданд.

Гуфтанд:

- Эй вой бар мо, ки аз андозаи худ даргузаштем, ки ҳаққи дарвешон боз гирифтем.

Калима ва ибораҳои тоза

1. Маъриза - танбеҳ, хусумат.

2. Зунуни Мисрй - факеҳи бузурги ислом.

3. Чурм - айб, гуноҳ.

4. Икрор - коил шудан, эътироф кардан.

«АДАБИЁТИ ТОҶИК»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...