Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941)

Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941)

Баҳорон ҳама ҷо гул. Дар боғу даман сабзаю себарга доман пахн карда, назаррабойӣ мекард. Дарёчаи шухобе, ки аз назди деҳаи Рӯдак мегузашт, дар ин фасл сероб шуда, мисли тифлони ширмаст шухию бозӣ, ҷастухезиаш боло мерафт. Мурғон нағмасаройӣ мекарданд. Оре, ҳама аз зиндагии хеш шоду масрур буд.

Воқеан, он рӯзҳо хурсандии аҳли хонаводаи Муҳаммад ҳадду каноре надошт. Дар шаби ҷумъаи соли 858 дар хонадони ӯ тифли зеборӯяке чашм ба олам кушод. Ба ӯ Ҷаъфар ном гузоштанд. Касе намедонист, ки солҳо мегузараду овозаи шеъраш ба Бухоро - поӣтахти давлати Сомониён мерасад. Ӯро ба дарбор даъват мекунанд, соҳибқирони шоирон, маликушшуаро мегардад. Номи деҳаи Панҷрӯд, ё Рӯдакро машҳури оламиён мегардонад ва то абад сардафтари адабиёти форсу тоҷик мемонад. Дар ҳаққи чунин бузургон нек гуфтаанд:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!

Чунин овардаанд, ки Наср бинни Аҳмад зимистон дар поитахт - Бухоро макон мегирифт ва тобистон ба Самарқанд мерафт, ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Инак, як сол навбати шаҳри Харӣ буд. Ҳаво хуш буд, боди сард ва меваҳо бисёр ва бӯйиданиҳо фаровон ва лашкар аз баҳору тобистон истифодаи тамом ёфтанд... Меҳргон - тирамоҳ даромад, вале дер кашид ва сармо қувват накард ва ангур бағоят ширин расид ва ҳар яке аз дигаре латифтар ва лазизтар.

Чун Наср бинни Аҳмад Меҳргон ва меваҳои онро дид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт, аз кишмиш ганҷинаҳо пур карданд... Амир дар роҳ бо лашкар ба ду деҳае даромад, ки ӯро Аypa ва Дарвоза мегуфтанд. Ҳар яке чун Биҳишти аъло ва ҳар яке боғ ва бӯстони хурраме дошт. Зимистон дар он ҷо монд. Чун баҳор даромад , аспон ба Бодғис фиристода, лашкаргоҳ ба Молин, ба миёни ду ҷӯ бурданд. Чун тобистон даромад, меваҳо пухтанд. Амир Наср гуфт, ки: “Тобистон куҷо равем, аз ин хуштар мақомгоҳе нест?! Меҳргон хоҳем рафт. Чун Меҳргон даромад, гуфт: “Меҳргон чизе бихурем ва биравем” ва ҳамчунин фасле ба фасле меандохт, то чаҳор сол бо ҳамин аҳвол гузашт. Аз ин ҳол ҳама малул шуда, орзуи хонумон карданд. Шоҳро диданд, ки дар сари ӯ ҳавасу ишки Харӣ бисёр аст ва дар аснои сухан Хариро ба Биҳишт монанд мекард ва ҳатто аз он ҳам бештар медонист. Донистанд, ки амир нияти ин тобистон ҳам дар он ҷо мондан дорад.

Пас, сарлашкар ва бузургони давлат ба назди устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтанд. Аз надимони подшоҳ ҳеҷ яке монанди ӯ мақбултар набуд. Гуфтанд: “Санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, зеро дили мо орзуи фарзандон ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебарояд”. Рӯдакӣ қабул кард. Ӯ миҷози амирро мешинохт, рӯй ба назм оварда, қасидае гуфт. Ба вакте ки амир хуроки пагоҳӣ мехурд, ба наздаш даромад ва ба ҷойи худ нишаст ва чун мутрибон ҳозир буданд, чанг бигирифт ва дар пардаи “Ушшоқ” ин қасидаро оғоз кард:

Буӣи ҷӯӣи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштиҳои ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайхун аз нишоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бустон,

Сарв сӯйи бустон ояд ҳаме.

Чун Рудакӣ бад-ин байт расид, амир чунон андуҳгин гашт, ки аз тахт фуруд омада, бе мӯза пой дар рикоб оварду рӯй ба Бухоро ниход. Устод Рудакӣ дар поёни умр ба зодгоҳаш - деҳаи Панҷрӯд бозмегардад. Дар ин лаҳза дӯстону ҳамдеҳагон устодро хуш истиқбол мегиранд. Аз дидаю шунидааш панди рӯзгор медиҳад.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...