Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад?

Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ гуна кароҳият ба вуҷуд намеояд. («Мухтасар Кудури»)

 

 

 

Оё кӯдаки норасидаеро, ки мурда ба дунё омадааст, пеш аз дафн ном гузоштан лозим аст ё бе ном дафн кардан ҷоиз аст?

Ҳар кӯдаке, ки мурда таваллуд мешавад, бояд аввал номгузорӣ карда шавад, сипас ғусл дода шуда, баъд ба хок супурда шавад. Ном гузоштан барои падару модар ҳамчун ёдгорӣ мемонад. Агар кӯдак зинда ба дунё омада бошад, пас аз номгузорӣ ва ғусл, бар ӯ намози ҷаноза хонда мешавад ва баъдан дафн мегардад. Вале тифли мурдатаваллудро намози ҷаноза намехонанд, зеро дар ислом танҳо касоне ҷаноза карда мешаванд, ки муддате аз ҳаёт баҳраманд будаанд. («Марокил Фалоҳ»)

 

 

 

Оё закоти моламро ба шаҳри дигар фиристам, ҷоиз аст?

Закот фақат ба мусулмоне дода мешавад, ки исломи ӯ зоҳиран собит бошад. Паёмбар ﷺ ба Муоз ибни Ҷабал ҳангоми фиристодан ба Яман фармуд: «Ба онҳо хабар деҳ, ки Аллоҳ садақаеро фарз кардааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад». Фақиру мискинҳое, ки парҳезгортар ва фармонбардортар бошанд, ба гирифтани закот сазовортаранд. Тибқи ҳадис, закот бештар ба фақирони ҳамон кишваре, ки мол дар он ҷост, тақсим карда мешавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки закотро ба ҳамватанони камбағали худ бидиҳед — ин авлотар аст. («Ихтиёр»)

 

 

 

Ин савол солҳост, ки маро ташвиш медиҳад: Оё зан ҳангоми ҳайз (менструатсия) метавонад аз телефон ё планшет истифода карда, Қуръон бихонад?

Хоҳари азиз, дар ҳайзи занона истифода аз дастгоҳҳои электронӣ, аз ҷумла хондани сураҳои Қуръон, манъ аст. Зан ҳангоми ҳайз наметавонад аз ҳеҷ ашёи электронӣ Қуръон бихонад.

 

 

 

Ман ду сол аст, ки бо шавҳарам ҳамзистӣ надорам ва соҳиби як писар ҳастам. Аз шавҳарам талоқ хостам, вале надод. Оё метавонам ба шавҳари дигар бароям?

Хоҳари азиз, шумо ҳанӯз дар никоҳи шавҳари ҳозиратон ҳастед. То даме ки ӯ талоқатонро надиҳад, шумо ҳаққи шавҳар кардан надоред.

 

 

 

Баъзеҳо мегӯянд дар рӯзи қиёмат ҷисми одам зинда мешавад, дигарон мегӯянд фақат рӯҳ пурсида мешавад. Кадом андеша дуруст аст?

Дар рӯзи қиёмат ҳам рӯҳ ва ҳам ҷисми инсон зинда мегардад ва банда барои ҳамаи амалҳое, ки дар дунё анҷом додааст, дар назди Парвардигор ҷавоб медиҳад. («Фиқҳи Акбар»)

 

 

 

Намози ҷумъа бар кӣ фарз аст ва чӣ фазилатҳо дорад?

Намози ҷумъа намози фаризаест, ки дар рӯзи ҷумъа ба ҷои намози пешин гузорида мешавад. Он бар шахсоне фарзи айн мебошад, ки болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр бошанд. Барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир намози ҷумъа фарз нест, аммо агар онҳо ҳозир шаванд ва онро бихонанд, ба ҷойи фарзи пешин қабул мешавад.

Дар рӯзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум хариду фурӯшро тарк карда, ба сӯи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба 4 ракъат суннат хонда мешавад, сипас имом бар минбар меравад, азони дувум гуфта мешавад, баъд ду хутба бо як нишасти миёна хонда мешавад. Пас аз хутба, 2 ракъат намози ҷумъа бо ҷамоат адо мегардад. Баъд аз он 4 ракъат суннати дигар хонда мешавад ва дар охир имом бо мардум дуо мекунад. («Дурарул Ҳуккам»)

 

 

 

Агар ҷавону духтар ҳамдигарро дӯст дошта бошанд ва пас аз чанд вохӯрӣ издивоҷ кунанд, оё мулоқотҳои пеш аз тӯй ва никоҳ гуноҳ ҳисоб мешавад?

Марде, ки бо нияти хонадоршавӣ ба зан ё духтаре хостгор мефиристад, метавонад қабл аз хутбаи никоҳ як бор ӯро аз наздик бинад ва бо ӯ суҳбат кунад, то аз будани айби ҷисмонӣ огоҳ шавад. Шариат барои устувории оила иҷозат медиҳад, ки никоҳкунандагон як маротиба дар ҳузури шахсони наздик, на дар танҳоӣ, бо ҳам суҳбат кунанд. Аз Абуҳурайра ривоят шудааст: як мард хост бо зани Ансор издивоҷ кунад. Паёмбар ﷺ пурсид: «Оё ӯро нигоҳ кардаӣ?» Гуфт: «Не». Фармуд: «Бирав ва бинигар, ки чашмони Ансор маъюб аст». Вале вохӯриҳои пайваста ва муносибатҳои дарозмуддат пеш аз никоҳ шаръан манъ аст.

 

 

 

Ман ҳомила ҳастам ва хам шудан бароям душвор аст, ба вижа саҷда кардан сахт аст. Оё барои занони ҳомила дар намоз сабукӣ дода шудааст, ҳамчунон ки дар рӯза ҳаст?

Ҳомиладорон ва ширмакдагон аз рӯзаи Рамазон озоданд, аммо баъдан рӯзаҳои қазоро мегиранд. Дар намоз чунин гузашт нест. Мусулмон то охири умр бояд ибодатро барҷой орад. Аммо чунон ки гуфтаанд: «Қудрат ба тавоноӣ». Агар саҷда бароятон мушкил бошад, метавонед бо ишораи сар — яъне сарро андаке паст карда — саҷда кунед ва намозро идома диҳед. Худованд ибодатро ба андозаи тавоноии ҳар банда фармудааст. Ҳама инсонҳо, аз ҷумла занони ҳомила, бояд ба қадри тавони худ Худоро бипарастанд. («Ихтиёр»)

 

 

 

Ман чанд бор дидаам, ки марди бегона ба хонаи ҳамсояам медарояд. Дар чунин ҳолат чӣ кор кунам? Ояд ба шавҳараш хабар диҳам?

Ин масъала хеле ҳассос аст. Аввал бикӯшед ба худи зан фаҳмонед, ки рафтораш нодуруст аст. Агар ӯ ба насиҳати шумо гӯш диҳад ва аз кори гуноҳолуд даст кашад, айби ӯро пинҳон кунед — пинҳон кардани гуноҳи тавбакарда савоб дорад. Аммо агар ӯ бар гуноҳи худ исрор варзад ва насиҳат накунад, дар ин сурат ба шавҳараш хабар диҳед, то бистари оилавӣ фосид нагардад.

 

 

 

Агар зан пас аз таваллуди фарзанди аввал, пеш аз гузаштани 40 рӯз (яъне пеш аз муҳлат), худро аз хуни нифос пок ҳис кунад, оё метавонад намоз гузорад?

Хоҳари азиз, агар хуни нифос пеш аз 40 рӯз қатъ шавад, зан бояд ғусл кунад ва пас аз он намоз хондан, рӯза гирифтан ва дигар ибодатҳо барояш ҷоиз аст.

 

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...