Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Дар шахри Улан-Батори Мугулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рузи нухуми мусобика ракобатхои мархили нимнихой баргузор шуда истодаанд.

Дар ин мархилаи мусобика кишвари моро Мичгона Самадова (57 кг), Некруз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагй карданд. Мичгона ва Некруз сохиби медалхои биринчи шуданд ва Парвиз ба финал баромад.

Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг ракобатро дар мархилаи нимнихой огоз карда, бо намояндаи Хиндустон - Харш Чоудхари неру санчид. Дар ин ракобат муштзани мо зарбахои хадафрас дошт ва бо карори чудогонаи доварон бо хисоби 4:1 пирузи ба даст оварда, ба мархилаи нихой рох ёфт. Финали мусобика рузи 10-уми апрел доир мешавад, ки Парвиз Каримов бо намояндаи Узбекистон - Халимчон Мамасолиев барои дарёфти унвони кахрамони мубориза мебарад.

Маврид ба зикр аст, ки каблан соли 2024 муштзани точик Парвиз Каримов зери вазни 92 кг дар Чемпионати Осиё дар Тайланд сохиби нишони нукра шуда буд. Дар финал Каримов аз муштзани казок Сагюндюк Тогамбай пеш аз мухлат шикаст хурд.

Ёдовар мешавем, ки мусобика 30-юми март дар шахри Улан-Батори Мугулистон огоз шуда, то 10-уми апрел идома мекунад. Дар мусобикаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва хадди акал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобика тахти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...