Самандархоҷаи Тирмизӣ

Самандархоҷаи Тирмизӣ

Дар он рӯз бинӣ зи душман фароғ,

Ки шаб дар мазораш фурӯзӣ чароғ.

 

Номи аслии Самандархоҷаи Тирмизӣ Муҳаммадбақо буд, «Самандар» тахаллуси адабии ӯ мебошад. Мувофиқи гуфтаҳои худаш дар китоби «Дастур-ул-мулук» ва маълумоти муаллифи тазкираи «Музаккир- ул- асҳоб» Малеҳои Самарқандӣ, зодгоҳаш Хонақоҳ (ноҳияи Ҳисори имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) будааст. Соли таваллуд ва вафоташ маълум нест. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар асри 17 гузаштааст. Самандархоҷаи Тирмизӣ аз адибону муаррихони номии давр ба шумор меравад. Самандархоҷаи Тирмизӣ сафар карданро дӯст медошт ва бесабаб нест, ки давраи ҷавонии ӯ фақат дар сафар гузаштааст. Ба қавли муаррихон, ӯ солҳои 1685, 1693, 1695 дар ҷангҳои Абдулазизхону Субҳонқулихон ба муқобили хоразмиҳову саркардагони Балх иштирок кардааст. Муддате дар шаҳри Насаф зиндагӣ карда, ду бор раёсатпаноҳи Насаф таъйин шудааст. Солҳои охири умри хешро ӯ дар гӯшанишинӣ гузаронидааст.

Аз рӯи гуфтаи худи Самандархоҷаи Тирмизӣ маълум мешавад, ки фаъолияти адабии ӯ дар шаҳри Насаф оғоз ёфтааст. Маҷмӯи осори адабӣ ва таърихии Самандархоҷаи Тирмизӣ дар асари машҳури ӯ «Дастур-ул-мулук» ҷой гирифтааст. «Дастур-ул-мулук» асари пандуахлоқӣ буда, воқеаҳои таърихии солҳои 1694-95 – ро дар бар мегирад ва тахминан гуфтан мумкин аст, ки то соли 1696 таълиф шудааст. «Дастур-ул-мулук» дорои 22 боб буда, бист боби аввал ва боби 22 ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ, мисли панду насиҳат ба подшоҳон, усул ва шартҳои мамлакатдорӣ, мартабаи ҳунарманду донишманд, эътибори аҳли фазлу дониш, мардонагию шуҷоат, зарурати сулҳу зарари ҷанг, мақоми тарбият, одоби сухан, зарари ғазаб, аҳаммияти машварат, тавсифи хислатҳои ҳамида ва мазаммати хулқу атвори ношоиста бахшида шудааст.

Муаллиф хостааст, ки ба воситаи ҳикоятҳои пандомези худ рафтору кирдори ношоистаи ҳукуматдорон ва нобаробариҳои замонаро ислоҳ кунад.

«Дастур-ул-мулк» ба адибону муаррихони баъдӣ таъсири зиёд расонидааст. Шоир ва тазкиранависи асри 17- Малеҳои Самарқандӣ дар таълифи тазкираи «Музаккирул-ас-ҳоб» (соли таълифаш -1688-92), муваррихи асри 19 Муҳаммадяъқуб дар навиштани «Гулшан-ул-мулук» ба «Дастур-ул-мулук» такя намуданд. «Дастур-ул-мулук» арзиши муҳим- ми адабию таърихӣ дорад. Ҳоло чанд ҳикоятро аз ин китоби хонданбоб пешкаши хонандагон менамоем.

 

(«Адабиёти тоҷик»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...