Моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам нахустин моҳ дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба шумор меравад. Дар соли 16-и ҳиҷрӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар ибни Хаттоб  бо машварати саҳобагони Паёмбар ﷺ ва бо таъйиди ҳазрати Усмон ибни Аффон  ва ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб  ибтидои солшумории ҳиҷри қамариро моҳи Муҳаррам муайян кардаанд.

 

Ин моҳест, ки Худованд онро ба худаш нисбат додааст, зеро ин моҳ саршор аз файзу баракат ва неъматҳои бешумор мебошад, рўзҳои ин моҳ беҳтарин рўзҳо баъд аз моҳи Рамазон барои рўза доштан мебошанд. Худованд мефармояд:

«.... аз он ҷумла чаҳор моҳи ҳаром аст, ин аст дини дуруст, пас дар он чаҳор моҳ ба хештан ситам макунед». (Тавба; 36)

Мурод аз чаҳор моҳи ҳаром: Зудқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам, Раҷаб мебошад.

Баъзе фазилатҳои моҳи Муҳаррамро дар ин ҷо мухтасаран зикр мекунем.

  1. Нисбат додани Паёмбар ﷺ ин моҳро ба Худованд, (Шаҳруллоҳил-Муҳаррам) баёнгари он мебошад, ки ин моҳ назди Худованд ҷову манзалат ва хусусияти худро дорад.
  2. Рўза гирифтан дар моҳи Муҳаррам: Абӯҳурайра аз Паёмбар ﷺ ривоят мекунад, ки он Ҳазрат ﷺ фармуданд: Беҳтарин рўза баъд аз моҳи Рамазон моҳи Худованд аст, ки Муҳаррам ном дорад.
  3. Рўзи Ошўро дар моҳи Муҳаррам аст: Худованд ҳазрати Мусо ва қавмашро аз зулму ситами Фиръавн дар ҳамин руз наҷот дод ва қавми Фиръавнро дар об ғарқ кард. Яҳудиҳо дар ҳамин рўз, ба хотири наҷот ёфтанашон, рўзаи шукрона мегиранд, Паёмбар ﷺ дар ин маврид мефармояд: Аз яҳудиҳо мо ба Мусо наздикем, пас шумо ҳам рўзи Ошўроро пос доред.
  4. Худованд ба ин рўз қасам ёд кардааст: Худованд дар сураи Фаҷр қасам ёд кардааст, чунонки мефармояд: Савганд ба шабҳои даҳгона. (Сураи Фаҷр; ояти 1)
  5. Ҳаром гардонидани зулму қитол дар моҳи Муҳаррам: Худованди мутаъол қитол ва зулмро дар ин моҳ ҳаром гардонидааст, аз ҳамин лиҳоз ин моҳ манзалати олӣ дорад. Ҳазрати Қатода (рҳ) дар мавриди ояти «фало тазлимў фиҳинна анфусакум» - яъне пас дар ин рўзҳо ба худатон ситам макунед, чунин мегўяд: Ҳаройина зулм дар моҳҳои ҳаром нисбат ба дигар моҳҳо хато ва гуноҳи бузург аст. Имом Қуртубӣ (рҳ) мегўяд: Худованд моҳҳои ҳаромро барои зикр хос намудааст ва зулмро дар ин моҳҳо манъ кардааст, зеро ин моҳҳо назди Худованд манзалати олӣ доранд.

Хотирасон менамоем, ки имсол саршавии моҳи Муҳаррам ба рўзи якшанбе 7-уми июл рост омад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...