Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи Русия Дмитрий Зверев матраҳ шудааст.

 

Тибқи иттилои расмӣ, вохӯрии ҷонибҳо рӯзҳои 1-3 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург, дар ҳошияи нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ баргузор гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот танҳо масъалаи барқарорсозии ҳаракати қатораи мусофирбар матраҳ нашуд. Ҳамчунин, ҷонибҳо имкони харидории техникаи роҳи оҳани Русия, аз ҷумла бо шартҳои лизинг, инчунин дастрас намудани вагонҳои муосири боркашонӣ ва мусофирбарро низ баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари ин, масъалаҳои вобаста ба рушди масирҳои алтернативӣ, бартарафсозии маҳдудиятҳои зерсохторӣ ва инчунин роҳандозии хатсайрҳои мунтазами автобус байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия дар меҳвари гуфтугӯ қарор доштаанд.

Ҷонибҳо зикр кардаанд, ки тайи солҳои охир миёни Тоҷикистон ва Русия дар бахши ҳамлу нақли бору мусофирон динамикаи мусбат ба назар мерасад. Ба гуфтаи онҳо, имтиёзҳои тарифӣ барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ба Русия, ба ин раванд мусоидат менамояд.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки табодули солонаи иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии бор ба кишварҳои сеюм низ ба таври муназзам идома дорад. Дар ин замина, ҷонибҳо аз ҷалби ширкатҳои русӣ ба тарҳҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба Pressa.tj аз Роҳи оҳан хабар доданд, то имрӯз асосан вагонҳое истифода мешуданд, ки дар корхонаи вагонтаъмиркунии шаҳри Тошканд аз таъмир бароварда шудаанд. Ин нукта нишон медиҳад, ки масъалаи навсозии парки вагонҳо ва дастрас кардани техникаи муосир барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои муҳим боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Маскав – Душанбе ҳанӯз соли 2012 бо сабаби кам будани шумораи мусофирон қатъ гардида буд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам имкони сафар аз Душанбе ба Маскав тавассути қатораи Душанбе-Волгоград вуҷуд дорад. Ин сафар, бо назардошти гузаришҳо, тақрибан 3 шабонарӯзу 22 соат тӯл кашида, ҳафтае як маротиба анҷом мешавад.

Баррасии дубораи масъалаи азсаргирии қатори мустақими Душанбе – Маскав метавонад барои ҳазорҳо мусофир, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандоне, ки пайваста миёни ду кишвар рафтуомад мекунанд, як қадами муҳим арзёбӣ шавад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...