Ҷойгоҳи закот дар ислом

Ҷойгоҳи закот дар ислом

Ҷойгоҳи закот дар ислом

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.

 

Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд, ин кор барояшон хуб аст. Балки ин кор барояшон хеле бад аст. Он чизеро, ки бахилӣ кардаанд, рўзи қиёмат дар гарданашон овезон карда мешавад» (Сураи «Оли Имрон», ояти 180).

Ҳазрати Паёмбар ﷺ низ фармуданд: «Ҳар киро ки Худованд мол додааст ва ў закоти онро намедиҳад, дар рўзи қиёмат он ба сурати мори сиёҳ мешавад, ки ду то сиёҳӣ бар рўи чашмонаш дорад ва ўро дар ҳалқа мегирад ва ўро бо дандонаш мегазад ва мегўяд: «Ман моли туям, ман кони туям». Пас ояти болоро тиловат намуданд» (Бухорӣ).

Худованди мутаол мефармояд: «Ва касоне, ки тилло ва нуқраро ҷамъоварӣ мекунанд ва онро дар роҳи Худо сарф намекунанд, пас онҳоро башорати ба азоби дарднок деҳ. Рўзе, ки онро дар оташи дўзах гарм карда мешавад, пас бо он рўй, тан ва пўсташонро доғ мекунанд. Ин аст он чи барои худ ҷамъоварӣ карда будед, пас бичашед он чиро, ки ҷамъоварӣ мекардед» (Сураи «Тавба», ояти 34-35).

Аз Паёмбар ﷺ дар ҳадиси Бухорӣ ва муслим омадааст, ки фармудаанд: «Ҳеҷ тиллодору нуқрадоре нест, ки ҳаққи онро адо намекунад, магар ин ки дар рўзи қиёмат бароят лагандҳое аз оташ месозанд, ки аз оташи дўзах гармтар аст, пас бо он рўй, тан ва пўсташро доғ мекунанд. Ҳар бор, ки сард шуд, боз аз нав онро гарм мекунанд, дар рўзе, ки миқдораш баробари панҷоҳ ҳазор сол аст, то ин ки Худованд қазоватро дар байни мардум анҷом диҳад, пас чораи ўро мебинанд, ё ба дўзах меравад ё ба ҷаннат».

Закот барои чор намуд мол воҷиб мешавад, ки он пул, моли тиҷоратӣ, чорво ва ҳосилоти замин аст. Инчунин закот дар чизҳои қиматбаҳо монанди тилло ва нуқра ва он варақҳои пулие, ки дар ин рўзҳо истеъмол мешаванд, воҷиб аст. Илова бар ин, закот дар молҳое аз қабили матоъҳо, хўрокворӣ, нўшокӣ ва монанди инҳо, ки ба нияти тиҷорат ворид гардида, дар дўкону мағозаҳо ба фурўш монда шудаанд, воҷиб мегардад. Ба ҷуз инҳо закот дар он донагиҳо ва меваҳое, ки аз замин мерўяд, ҳамчунин дар чорво ба монанди шутур, гов, гўсфанду буз бо шартҳо ва равишҳои махсус, ки дар китобҳои фиқҳи исломӣ ҷамъоварӣ шудаанд, воҷиб аст.

Он чизе ки барои мо дар ин ҷо баёнаш муҳим аст, ду навъи закот аст: Яке закоти пул, дигаре закоти молҳои тиҷоратист, зеро аксари мардуми шаҳрнишин бо ин намуд муомилаҳо сарукор доранд.

Худованди ҳакиму доно ҳикматҳои волое дорад, ки закотро машруъ гардонидааст. Худованд бандагонашро ба пардохти закот амр намудааст, зеро бо додани закот фоидаҳои азим ва оқибатҳои накў ҳосил мешавад ва асари он ҳам дар диҳанда ва ҳам дар гиранда дида мешавад, агар он холис барои ризои Худованд ва ба пайравӣ аз Паёмбар ﷺ бошад. Молро барои ризои Худо сарф кардан бо вуҷуди дўст доштани мол нишонаи имон ва сабаби комёбӣ ба савоби азим ва мукофоти гароне аз ҷониби Худованди бениёз аст. Худованд мефармояд:

«Ва касоне, ки амволи худро шабу рўз, ошкору ниҳон нафақа мекунанд, пас барои онҳост аҷрашон дар назди Парвардигорашон ва ҳаросе барои онҳо нест ва на онҳо ғам мебинанд» (Сураи «Бақара», ояти 274).

 Закот соҳиби худро аз гуноҳҳо пок месозад, ўро аз бахилию ҳарисӣ ва дигар ахлоқи паст ҳифз мекунад ва лоиқи ҳамҷавор будан ба Худованди мутаол дар ҷаннатулфирдавс мегардад. Худованд дар қазо навиштааст, ки бахил ҳаргиз ҳамҷавори ў намешавад. Дар адо намудани закот инсон аз бисёре аз азобҳои гуноҳ раҳо ёфта чандин мусибату балоҳо аз сараш дур мешаванд. Худованд мефармояд: «Ту аз амволи эшон садақа бигир, ки бо он эшонро тоҳиру пок месозӣ ва барои онҳо дуо намо. Ҳамоно ки дуои ту барояшон оромибахш аст ва Худованд шунаво ва доност» (Сураи «Тавба», ояти 103).

Дар баровардани закот мол покиза шуда он аз талафу нестӣ дар амон мемонад, ки ин ба сабаби омадани баракат дар амвол ва нумў кардани он аст. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳаргиз мол аз садақа кардан кам намешавад». Худованд низ мефармояд:

«Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ў беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39).

Яъне Худованд дар иваз аз он беҳтареро бармегардонад. Дар ҳадисе аз Паёмбар ﷺ ривоят шудааст, ки фармуданд: «Худованди таоло мегўяд: «Эй фарзанди Одам, молатро (барои Худо) бидеҳ, бароят медиҳанд. Худованди мутаол ғанӣ аст ва он чи дар назди Ўст, тамомшуданӣ нест, Ў каримест, ки бо фазлаш миннат мегузорад ва сипоспазирест, ки савоби нафақаро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират чанд баробар медиҳад» (Табаронӣ).

Ҳамчунин аз Паёмбар ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: «Ҳар ки закоти молашро адо намояд, аз ў бадии он дур мешавад».

Пас, бояд аз Худованд битарсид ва бо хушии дил закоти молро адо намуд, то хайру баракати он дар дунё ба даст омада дар охират аз савоби он бархўрдор шавем. Ҳамин оят кофист, ки Худованд мефармояд:

 «Ва онҳое, ки закотро адо мекунанд. Ва онҳое, ки андомҳои худро нигоҳ медоранд. Магар барои ҳамсарон ё зердастонашон, ки онҳо маломат карда намешавад. Пас ҳар ки ғайри инро талаб намояд пас онҳоянд ситамгарон. Ва касоне, ки ба амонат ва аҳдашон пойбанданд. Ва касоне, ки намозҳояшонро муҳофизат мекунанд. Онҳоянд меросбарон. Касоне, ки ҷаннатро мерос мебаранд ва дар он ҷовидон мемонанд» (Сураи «Муъминун», ояти 4-11).

 Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли некў ва эҳсону саховат ато фармояд ва ҷумла амалҳои моро холис барои ризои худ гардонад. Омин.

 

“Шурои Уламо”

 

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.   Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия”...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Дар шахри Улан-Батори Мугулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рузи нухуми мусобика ракобатхои мархили нимнихой баргузор шуда истодаанд. Дар ин мархилаи мусобика кишвари моро Мичгона Самадова (57 кг), Некруз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагй карданд. Мичгона ва Некруз...