Ҷавонон – нерӯи бузург бар зидди экстремизм

Ҷавонон – нерӯи бузург бар зидди экстремизм

Ҷавонон – нерӯи бузург бар зидди экстремизм

Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам аз омилҳои зиёде, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои ахир ва ба хотири ҳимоят аз аҳдоф ва манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудааст. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиё зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Аксарияти ҷавонони ба гуруҳҳои ифротгаро шомил гардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.

Дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол мушкилоти зиёде мавҷуд мондааст. Хуб надонистани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари иқомат ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирини корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки оҳиста –оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра, аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвари иқомат, даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ барои моилу пайваст шудани муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд. Роҳбарони гуруҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Ин воқеияти талх моро вазифадор менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд.

Фақат дар ҳамин замина мардуми шарафманди Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвари азизамон ноил гардад ва шароити хуби зиндагиро фароҳам созад.

Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади Ғурбати рӯзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надоранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбкунандагони гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд.

Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рӯйпӯш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷӯ нишон доданӣ мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва консепсияи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ сафарбар карда истодаанд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъалаҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳангсозӣ вуҷуд доранд.

Умед дорем, ки ҷавонони мо имрӯзҳо хело ҳушёр шуданд ва аз хатари эксремизм бохабаранд.

Дар бораи он, ки имрӯз барои чӣ баррасӣ кардани мушкилиҳои терроризм байни ҷавонон хеле муҳим гашта истодааст, коршинос ва сарпарасти Шӯрои зиддитеррористӣ ва Комиссиюни кор бо ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Доғистон Ғозимуҳаммад Мухумагазиев бо роҳбари нашрияи мо дар суҳбат буд.

“Ҷалб кардани кӯдакон ба фаъолияти афродгаройӣ дар ҳоли коҳиш аст. Агар пешиниён калонсолон буданд, имрӯз теъдоди чунин

Усмон Ниёзов

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Дар шахри Улан-Батори Мугулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рузи нухуми мусобика ракобатхои мархили нимнихой баргузор шуда истодаанд. Дар ин мархилаи мусобика кишвари моро Мичгона Самадова (57 кг), Некруз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагй карданд. Мичгона ва Некруз...


Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш – ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад.   Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи...


Наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Тими мо дар даври охир бо Ӯзбекистон мусовии 0:0 анҷом дода, бо 10 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мусобиқа бо иштироки 5 даста — Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон,...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...