Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Имом Абўюсуф аз бузургтарин ва машҳуртарин шогирдони бориз ва умдаи Имоми Аъзам аст. Вай дар фиқҳу ҳадис маҳорати фавқулодае дошт. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал g аз шогирдон ў ба шумор меравад, ки се соли тамом аз маҳзари вай касби файз намудааст. Имом Абўюсуф аввалин касе буд, ки ба лақаби қозилқузот шуҳрат ёфт. Дар даврони хилофати Аббосиён, яъне дар аҳди Маҳдӣ, Ҳодӣ ва Ҳорунуррашид ба шуғли қазо иштиғол дошт ва аз соли 166-и ҳиҷрӣ то ҳангоми вафот ҳамчунон қозӣ буд.

Имом Абўюсуф ҳафдаҳ соли тамом бо пойбандӣ дар ҳузури Имоми Аъзам ба таҳсили илм машғул буд, ҳатто ҳангоме ки писараш вафот кард, аз ҳирси ин ки маҷлиси Имом Абўҳанифа тарк нашавад, дар дафнаш ширкат накард, тартиботи кафану дафнашро ба хешовандон ва ҳамсоягон супурд ва худаш дар маҷлиси Имоми Аъзам ҳозир шуд. Имоми Аъзам натанҳо ўро фақеҳ бор овард, балки гоҳ аз назари молӣ низ ба ў кўмак мекард. Довуд ибни Рашид мефармояд: «Агар Имом Абўҳанифа фақат як шогирд медошт ва он Абўюсуф мебуд, барои ифтихори эшон ҳамин як шогирд кофӣ буд. Ҳар гоҳ Абўюсуф дар маҷлиси илмӣ сухан мегуфт, чунон маълум мешуд, ки дар канори даре нишаста, аз он паймона мекунад, ҳадису фиқҳ ва калом ҳамеша дар пешаш мустаҳзар (омода) буд».

Боре Имом Абўюсуф мариз шуд ва Имоми Аъзам барои аёдати ў ташриф овард. Пас аз он ки ҳолашро пурсид ва берун омад, фармуд: «Агар ин ҷавон фавт кунад, илми бисёре зоеъ мешавад, зеро ки дар ҳоли ҳозир бузургтарин олими рўи замин аст». Ҳазрати Имом Абўюсуф аз соли 166 то соли 182-и ҳиҷрӣ, ки соли вафоти ўст, қозӣ буд. Дар ин муддати тўлонӣ бо адлу инсофи камназире қазоват намуд. Ў мефармуд: «Ман ҳаргиз қазоват ва ҳукми золимонае накардаам, вале аз як қазоватам ҳарос дорам, ки мумкин аст мавриди бозпурсӣ қарор гирам. Ин қазоватро миёни Ҳорунуррашид ва як насронӣ анҷом додам. Насронӣ муддаъӣ буд, ки амирулмуъминин фалон замини ўро ғасб кардааст. Ҳангоме ки додрасии парванда оғоз шуд, ба Ҳорунуррашид гуфтам: «Ин шахс муддаъист, ки шумо фалон заминашро ғасб кардаед». Ҳорунуррашид чавоб дод: «Ин замин аз бобоямон Мансур ба мо мерос расидааст». Ба насронӣ гуфтам: «Ҷавобро шунидӣ, ҳоло шоҳиде дорӣ ё на?». Гуфт: «Шоҳид надорам, аммо шумо бояд муттаҳамро қасам бидиҳед». Ба амирулмуъминин гуфтам: «Шумо қасам хўрда метавонед?». Ҳорунуррашид қасам хўрд. Бо ҳамин парванда баста шуд ва насронӣ ба роҳаш рафт. Имом Абўюсуф фармуд: «Аз ин парванда ҳарос дорам, ки мавриди бозхост қарор гирам». Як шогирдаш пурсид: «Ин қазовати шумо солиму дуруст аст, чаро тарси муохаза ва бозпурсӣ доред?». Фармуд: «Чунки ман ҳар ду тарафи қазияро дар як ҷо нанишонда будам, Ҳорунуррашид то охир дар ҷои бартаре менишаст, аммо насронӣ дар пеши қозӣ истода буд». Ҳазрати Имом Абўюсуф бисёр обид буд, бо вуҷуди он ки қозилқузот буд ва масъулиятҳои сангине бар дўш дошт, намозҳои нофила бисёр мегузорид ва рўзаи бисёр мегирифт. Имом Абўюсуф аз насли ансори Мадина буд, падаркалонаш Саъд ибни Буҳайр саҳобӣ буд ва ба Саъд ибни Ҳабта низ шуҳрат дошт (Ҳабта номи модараш буд).

Ў дар ғазваи Хандақ ширкат кард ва бо шаҳомати бисёре ҷангид. Он вақт ҳанўз ҷавон буд. Расули Худо ﷺ диданд, ки вай бо далерии камназире меҷангад, ўро садо карда пурсиданд: «Эй ҷавон, ту кистӣ?». Гуфт: «Ман Саъд ибни Ҳабта ҳастам». Паёмбар ﷺ барояш дуои хайр карданд ва фармуданд: «Худованд қисмати туро муборак кунад». Дар зимн фармуданд: «Наздик биё». Чун наздик омад, дасти муборакашонро бар сараш кашиданд. Имом Абўюсуф мефармуд: «Дасте, ки Паёмбари акрам ﷺ бар сари бобоямон кашидааст, баракати онро дар тамоми хонадонамон эҳсос мекунам». Саъд ибни Буҳайр дар Кўфа сукунат ихтиёр карда буд ва дар ҳамон шаҳр вафот ёфт. Наслашон ҳамчунон дар Кўфа боқӣ монд, ки аз он ҷумла ҳамин Абўюсуф ба вуҷуд омад ва машриқу мағрибро аз илмаш сероб намуд. Имом Абўюсуф дар соли 182-и ҳиҷрӣ вафот намуд. Давом дорад. (Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абўҳанифа)

Таълиф: Муфтӣ Муҳаммад Ошиқи Илоҳии Баландшаҳрӣ

Тарҷума: Абдуллоҳи Ҳайдарӣ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...