Катибаи форсии калтаманори Хива

Катибаи форсии калтаманори Хива

Калтаманор (Манори кӯтоҳ), ки Кӯкманор (Манори сабз) низ номида мешавад, бо дастури Муҳаммад Аминхон, ҳокими Хива бино шуд, вале сохтмони он поён наёфту манор ба сурати махрути ноқис бо қутри 14,8 метр ва иртифои 26 метр боқӣ монд.

 

Қисмати аъзами сатҳи хориҷии ин бурҷ бо кошии луобидори фирӯзаранг пӯшида шуда ва боқии сатҳ бо кошиҳое ба рангҳои обӣ, сабз, сафеду қаҳваӣ зиннат ёфтааст. Вуруд ба дохили манора аз тариқи роҳрави кӯтоҳе, ки Мадрасаи Муҳаммад Аминхонро ба манор мепайвандад ва дар ирти-фои ҳудуди 5 метр аз сатҳи замин қарор дорад, анҷом мепазирад. Ин ду сохтмон дар наздикии Атадарвоза (Дарвозаи падар) қарор доранд. Дар ду тарафи хиёбоне, ки аз Атодарвоза оғоз мешавад, чандин мадраса ва масҷиди қадимӣ вуҷуд доранд. Ин роҳ, ки меҳвари аслии шаҳристон (қисмати марказии шаҳри Хива) мебошад, дар замони шӯравӣ кӯчаи Карл Маркс ном дошт.

Иртифои ин манор, ки мебоист баландтарин бурҷи Варорӯд гардад, ҳудуди ҳафтод метр дар назар гирифта шуда буд ва эҳтимолан иллати таваққуфи сохтмони он андешаи адами истоии чунин бурҷе бар рӯи замини сусти саҳроии Қарақум мебошад. Вале дар ин маврид ривоёти дигаре низ вуҷуд доранд, аз ҷумла ин ки андаруни ҳарами шоҳ аз диди муаззин масун набуда ва ё ин ки Амири Бухоро (рақиб) бо татмеъ меъморро аз идомаи кор боз доштааст. Марги Муҳаммад Аминхон низ дар канори ин далоил зикр мешавад. Ин хони сиюпанҷсолаи Хива, ки худро ҳамшаъни Носириддиншоҳи Эрон мепиндошт, ҳангоми лашкаркашӣ ба Сарахс кушта шуду сари ӯ ва чанд тан аз ақвомаш барои Носириддиншоҳ ба Теҳрон фиристода шуд. Ба дастури Носириддиншоҳ сарҳо бо эҳтиром шуста шуда ва дар пушти дарвозаи давлат ба хок супурда шуданд. Перомуни қисмати болои манор ба шеъре форсӣ ороста шуда, вале дар ин ҷо низ монанди мавориди мушобеҳ аксари аҳолӣ ва ҳатто роҳнамоҳои гардишгарон онро матне ба арабӣ ва эҳтимолан ояе аз Қуръони Карим медонанд. Мояи таассуфи вежа он аст, аксари мутлақи тоҷикони имрӯзии Варорӯд низ аз хондани ин катибаи шеърӣ, ки ба забони модариашон ҳаст, ба иллати ба фаромӯшӣ супурдани дабираи пурифтихори порсиашон, маҳруманд. Ин шеър моддаи таърихии сохтмони манорро дарбар дорад:

Манори олии фархундабунёд,

Ки монандаш надида чашми афлок.

Иморат шуд ба амри шоҳи олам,

Зи ҷумла айбҳову нақсҳо пок.

Ба чашми ақл дар вақти намудаш

Шуда сарви саҳӣ монанди хошок.

Чу аз тӯбо биомад дилгушотар,

Ба ҷаннат кард назраш арсаи хок

Расида чун сутун бар тоқи гардун,

Зи васфаш қосир омад ақли даррок.

Аз ин дар огаҳе соли бинояш

Рақам карда сутуни тоқи афлок.

Бо ҳуруфи абҷад «сутуни хоки афлок» баробари 1269 ҳиҷрӣ (1853 милодӣ), яъне ду сол пеш аз кушта шудани Муҳаммад Аминхон дар ҷанги Сарахс аст. Шоёни зикр аст, ки биноҳои дигари таърихии шаҳри Хива низ бо матну шеърҳои форсӣ ороста шудаанд, ки аз ҷойгоҳи хосси забони форсӣ дар Аморати Хоразм то сарнагунии он ба дасти русҳо дар ибтидои садаи XX гувоҳӣ медиҳад.

 

 

 

(«Умар Саъди»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...