Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

 

Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин шарт барои қабул шудани ибодатҳо тозагии моддӣ ва маънавӣ буда, шарти расидан ба мартабаи мақбул дар имон ҳам тозагӣ мебошад. Пайғамбарамон ﷺ ҳам ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва касонеро, ки ба тозагӣ аҳамият намедоданд, огоҳ мекарданд. Дар як ҳадисашон фармудаанд: “Тозагӣ нисфи имон аст” (Муслим).

Ҳазрати Пайғамбар ﷺ натанҳо ба тозагии бадан ва сарулибос, балки ба тозагии муҳити зист ҳам тавваҷҷуҳ мекард, барои нарехтани партоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ифлос накардани обҳо, тоза нигоҳ додани роҳ, майдон ва маҳаллаҳо аҳамият медод.

 Назофат зоҳири инсон бо покии рӯҳи ӯ пайванди амиқе дорад, ҳамон гуна ки оростагии зоҳири инсон ҳиқоят аз зебоии ботини ӯ мекунад. Пайғамбари Ислом ﷺ худ паёмовари покӣ ва назофат буд. Дар ҳангоми мулоқот бо ӯ аввалин вижагие, ки чашму дили ҳар бинандаро навозиш медод, оростагӣ, покӣ ва зебоии зоҳири он Ҳазрат ﷺ буд. Қарз кардан ба худии худ амри макруҳ ва нописандида аст, вале он Ҳазрат ﷺ ба хотири аҳамияте, ки барои назофат ва беҳдошти тан ва хонавода қоил буд, фармуд: “Ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, мўи зери нофи худро то чил рӯз ба таъхир намеандозад, агар имкони онро наёфт қарз кунад ва беш аз ин дар ин кор таъхир накунад”.

Агарчи ҳадафи аслии биъсати анбиёи илоҳӣ ҳидояти маънавӣ ва рўҳонии башар аст, вале аз он ҷое, ки маънавияти инсон бо зиндагии табиъии ӯ дар ҳам омехтааст, ҳаргиз эшон аз риоят ва фармон додан ба зебоӣ, беҳдошт ва покӣ ғафлат наварзидаанд ва ба тамоми маворид ҳатто гирифтани мўе, ки аз бинӣ берун меояд, фармон додаанд.

Расули Худо ﷺ шахсан ба покизагӣ алоқаи фаровоне дошт ва дар назофати бадан ва либос беназир буд. Илова бар одоби вузў, бисёр рӯзҳо бадани худро шустушў медод ва ин ҳар дуро ибодат медонист.

Ҳамчунин он Ҳазрат ﷺ пеш аз хўрдани хўрок ва баъд аз он дасту даҳонашро мешуст ва аз хўрдани сабзиҳои бадбў парҳез мекарданд. Дар бораи мисвок фармуданд: “Ҳеҷ гоҳ Ҷабраил наздам наёмад, ҷуз он ки маро ба мисвок суфориш намуд. Агар мардум аз фоидаҳои мисвок огоҳ буданд, онро ҳамеша ҳамроҳи хеш доштанд ва ба бистар мебурданд.”

 Аз пурхўрӣ парҳез мекард ва ба мусалмонон дастур медод пеш аз он ки аз хўрок сер шаванд, аз таом даст кашанд. Модари муъминон ҳазрати Оиша (р) мегўяд:“Расули Худо ﷺ дар тули умраш ҳаргиз бо сери хурок нахурданд ва мефармуданд: «Меъда хонаи беморӣ аст ва таҳаммули гуруснагӣ беҳтарин доруи маризиҳо аст».

Истинҷо бо дасти ростро намеписандид ва аз хўрок хўрдан бо дасти чап наҳй мекард. Иҷозат намедод касе нохунҳои худро бо дандон кўтоҳ кунад. Аз лаби кафидаи зарф ва маҳалли дастаи кўза об наменўшид, чунки маҳалли чирку микроб буд ва дигаронро низ аз ин кор барҳазар медошт.

Бисёр ғусл менамуд. Илова бар ғуслҳои мустаҳаб, тамоми даҳ шаби охири Рамазонро ғусл мекард. Дар ростои таъкидҳои беҳдоштӣ нисбат ба беҳдошти муҳити зиндагӣ низ таваҷҷуҳи хоссе доштанд. Ҷорўб задан ва покиза намудани хонаро мустаҳаб медонистанд. Инчунин дўст надоштанд, ки зарфҳои хўрокхўрӣ ношуста гузошта шаванд ва мефармуданд: “Шабҳо пеш аз хоб рӯи онҳоро бипўшонанд.”

Иҷозат намедоданд, ки афрод канори чоҳи оби ошомиданӣ, зери дарахти мевадор, миёни қабрҳо, дар роҳҳо ва саҳни хонаҳо қазои ҳоҷат кунанд.

Вақте атса мезаданд, даст ё пироҳанашонро пеши даҳонашон мегирифтанд ва оҳиста атса мезаданд. Пайғамбар ﷺ мефармуданд: “Зубола (мусор)-ро қабл аз фаро расидани шаб аз хона хориҷ намоед, зеро ҷойгоҳи шайтон (микроб) аст”.

Чун хамёза мекашиданд, дасташонро баробари даҳонаш мениҳоданд.

Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи амал кардан ба фармудаҳои Расули Худо ﷺ- ро бидиҳад ва моро дар дунёву охират сарбаланд бигардонад.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...