Фоҷеа дар Кўлоб

Фоҷеа дар Кўлоб

Навраси 17-сола дар Кӯлоб ба далели қатли ҳамсолаш дастгир шудааст. Ҳодиса рӯзи 31-уми март дар мактаби №5-и шаҳр рух дода, гумонбар ҳамсинфашро дар синфхона бо корд мезанад.

 

Ҷароҳатбардошта як рӯз пас дар беморхона мефавтад. Нисбати навраси гумонбар барои одамкушӣ (моддаи 104) ва барои авбошӣ (моддаи 237)- и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Барои моддаи одамкушӣ аз 15 то 20 сол ва авбошӣ то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Солҳои охир ҷанҷолу занозанӣ байни наврасону ҷавонон, ки аз корду дигар силоҳи сард истифода мебаранд, боиси кушта ва захмӣ шудани чандин хонандаи мактаб гардидааст. Моҳи январ ба ин монанд ноболиғе барои қатли ҳамсолаш дар ноҳияи Рӯдакӣ 11 соли зиндон ҳукм гирифта буд.

Ба таври фоҷеабор ба қатл расонидани Маҳмудҷони ноболиғ дар мактабе воқеъ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳамсабақаш аз бемасъулиятии падарону модарон ва буҳрони сангини таълиму тарбия дар системаи маориф шаҳодат медиҳад. Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар ин замина стратегия ва барномаҳои мушаххасеро дар самти назорати раванди таълиму тарбия ба роҳ монад, ки насли нави мамлакат дар асоси иззату эҳтиром ва дар руҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ба воя расанд.

Ин ҳодисаҳо, ангезаҳои онҳо, зуҳури онҳо, равоншинохтии онҳо ва сабабҳои аслии сар задани онҳо бояд аз ҷониби ҷомеашиносон, равоншиносон, инсоншиносон, журналистон таҳқиқ шаванд, то кӯдакону наврасони дигар низ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар амон бошанд. Чунин фоҷеаи ба амал омада дар ҷаҳон хеле кам аст. Дар асоси хабару гузоришҳои ҷаҳонӣ кам ҳолатҳое ҳастанд, ки дар мактаб чунин куштор сурат гирад. Дар шароити феълӣ хуб мешавад, ки ҳуқуқдонҳо, мутахассисон ва равоншиносон ба мактаб ҷалб карда шаванду бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва таъсиргузор дарсҳои амалии ахлоқӣ ва инсониро ҷиддитару таъсиргузортар ҳафтае ё моҳе як бор доир намоянд. Ва равоншиносону ҳуқуқшиносон ба кӯдакони ноогоҳу беибрат бифаҳмонанд, ки одамкушӣ ҷинояти вазнин аст, одамкушӣ ҷурми абадӣ аст, одамкушӣ хонавайронӣ аст, кордзанӣ натиҷааш зиндон аст, одамкушӣ гуноҳи бузурги нобахшиданӣ аст. Ва ҳам аз нигоҳи дунё ва дин кӯдакону наврасони бедониш аз содир намудани ҷиноят битарсанд... Аз ҷониби дигар, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки усулҳои пешрафтаи таълим ва тарбияи кишварҳои пешрафтаро дар Тоҷикистон дар амал ҷорӣ намояд. Масалан, дар давлати Ҷопон кӯдакон ва муҳассилини мактабҳо худ вазифадор шудаанд, ки синфхона, роҳравҳо, дастшӯйхонаҳоро бонавбат пок созанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии Ҷопон, Қатар, Иморот, Сингапур, Куриё ва ғайра кӯдакон чунин ба контрол гирифта шудаанд, ки вақти холигӣ тамоман намеёбанд, яъне вақтҳо самаранок истифода мегарданд ва кӯдакон аз назорат фориғ намемонанд. Ҳарчанд маълумот дар ин замина беҳад зиёд аст, ҳаминро бояд гуфт, ки аз ин пас ҷаҳон пурташвиштар мешавад ва дар контроли системаи иттилоотӣ бояд назорат қатъӣ гардад, падар ва модари тоҷик, омӯзгорони бемасъулият дар назди шаъну шарафи худ дар роҳи хидмати шоиста дар Тоҷикистон бетараф ва бемасъулият набошанд. Зеро агар табиб бо ташхиси ғалаташ як беморро нобуд кунад, омӯзгор бо таълиму тарбияи ғалат ва бемаъниву бенатиҷааш як наслро метавонад табоҳ ва нобуд кунад!

 

Фатҳиддини Замон, журналист

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...