10 маҳсулоте, ки одамро доно мекунанд!

10 маҳсулоте, ки одамро доно мекунанд!

10 маҳсулоте, ки одамро доно мекунанд!

Бисёриҳо бар он андешаанд, ки зиракию доноӣ қобилияти ирсӣ буда, аз насл ба насл мегузарад, яъне падару модар агар оқилу донишманд бошанд, фарзанди онҳо ҳам донишманд мешавад. Аммо олимон ин андешаро рад карда, мегӯянд, ки байни қобилиятҳои ақлонии инсон ва ғизое, ки истеъмол мекунад, робитаи хеле зич вуҷуд дорад. Барои беҳтар гаштани қобилияти фикрронӣ одам бояд ғизоҳои гуногунро истеъмол намояд. Хӯрданиҳое ҳастанд, ки кори майнаи сари инсонро тезонида, боиси мустаҳкам гаштани хотира ва ба осонӣ аз худ намудани ҳама гуна маълумот мегарданд.

 

Мехоҳед дар бораи ғизоҳое, ки касро оқилу доно мегардонанд, маълумот бигиред? Пас, ба 10 ғизое таваҷҷуҳ кунед, ки кори майнаи сарро фаъол мегардонанд.

  1. Барои фаъолияти хуби майнаи сар ҷисми инсон ба сафедаҳо ниёз дорад. Барои таъмини организм бо сафедаҳо бештар гӯшт, моҳӣ, тухм, донагӣ ва чормағз хӯрдан лозим аст.
  2. Барои он ки майнаи шумо хуб кор кунад, ҷисматон бояд бо оҳан таъмин бошад. Оҳан дар таркиби гӯшт, нахӯд, мош ва сабзавоте, ки баргҳояшон сабзи баланд ҳастанд, зиёд аст.
  3. Кислотаҳои равғанин, аз ҷумла Омега-3 кори майнаи сари инсонро фаъол гардонида, барои тезтар аз худ намудани донишҳои нав ба нав ёрӣ мерасонад. Кислотаҳои равғанин дар таркиби донаи офтобпараст, навъҳои серравғани моҳӣ, равғанҳои растанигӣ ва чормағз фаровон буда, истеъмоли ин хӯрданиҳо ба беҳтар гаштани қобилияти азхуднамоии ҳама гуна илму дониш ёрӣ мерасонад.
  4. Холин — ин модда низ барои фаъолияти хуби майнаи сар хеле муҳим мебошад. Холин дар таркиби ҳама гуна намудҳои гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва тухм мавҷуд аст, бинобар ин, ҳарчи бештар истеъмол намудани маҳсулоти номбаршударо ба шумо тавсия медиҳем.
  5. Йод ҳам дар хуб кор кардани майнаи сар нақши муҳим дорад. Аз ҳамин хотир, ба шумо маслиҳат медиҳем, ки бештар моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ истеъмол намоед, зеро дар таркибашон йоди зиёде доранд.
  6. Витамини А — кори майнаи сарро фаъол мегардонад. Ин витамин дар таркиби ҷигар, сабзӣ ва кабудиҳо зиёд аст. Ба шахсоне, ки бештар кори фикрӣ мекунанд, бештар истеъмол намудани ин маҳсулотро тавсия медиҳем.
  7. Витамини D — ин витамин ҳам барои фаъолияти бонизоми майнаи сар ёрӣ мерасонад. Витамини мазкур дар таркиби моҳии серравған ва дигар маҳсулоти сервитамингардонидашуда фаровон буда, истеъмолашон ба мустаҳкам шудани хотира ва қобилияти фикрӣ мусоидат менамояд.
  8. Витамини B 6 — барои хуб кор кардани майнаи сари инсон мисли обу ҳаво зарур аст. Ин витамин дар таркиби маҳсулоти гӯштӣ, картошка, моҳӣ ва қариб ҳама намудҳои мевагӣ вуҷуд дорад.
  9. Витамини В 12 — ин витамин дар таркиби гӯшт, моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ фаровон буда, шахсоне, ки ҳамарӯза ин маҳсулотро истеъмол мекунанд, нисбат ба дигарон дар корҳои ба илму дониш алоқамандӣ дошта пешравтар хоҳанд гашт.
  10. Синк — барои фаъолияти хуби майнаи сар хеле муҳим мебошад. Он дар таркиби гӯшти гов, гӯшти паранда, қариб ҳама намудҳои моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва навъҳои гуногуни чормағз мавҷуд буда, маҳсулоти номбаршуда барои оқилу доно шудани кас ёрӣ мерасонанд.

 

(“Пресса.тж”)

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш – ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад.   Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...