Гиёҳдармонӣ ба беморони қанд

Гиёҳдармонӣ ба беморони қанд

Сол аз сол шумораи гирифторони диабети қанд афзоиш меёбанд ва ин ба яке аз мушкилоти замони муосир табдил ёфтааст. Вале бисёре аз табибон бар онанд, ки болову пойин шудани сатҳи қанд дар хун “дар дасти худи шахс” аст. Яъне шумо метавонед бо риояи парҳез ва дигар фармудаҳои духтурон худро комилан солим эҳсос намоед.

 

Табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев чанд усули халқиеро пешниҳод мекунад, ки барои паст кардани миқдори қанд дар хун кумак мерасонад.

 

Тавсияҳои табиб:

Шахсоне, ки касалии қанд доранд, бояд ҳатман ба парҳез риоя намоянд, зеро бидуни парҳез табобат намудани ин касалӣ ғайри имкон аст. Шумо бояд аз хӯрдани шириниҳо, ангур, харбуза, анҷир, зардолу, бирёниҳо ва хӯрокҳои тезу тунд худдорӣ намоед. Парҳезро риоя карда, аз давоҳои гиёҳӣ истифода баред, сатҳи қанд дар хунатон баланд намешавад ва худро солиму бардам эҳсос мекунед. Инак, чанд тавсияи муфид барои паст кардани миқдори қанд дар хун.

 

Барои пешгирии гангрена

Дар ҳар як хона хамиртуруш ҳаст, тахминан 25 грамм хамиртурушро (дрож) бо як истакон ҷурғоти хонагӣ омехта карда, дар дили наҳор нӯши ҷон созед. Ин амалро муддати 10 рӯз давом додан лозим аст. Шумо бояд ҳамчунин ҳар рӯз гречкаро обпаз карда, бе намак ба андозаи иштиҳо ва тавонатон хӯред. Гречка қандро паст карда, хунукӣ ва карахтии пойҳоро бартараф месозад ва хатари гангренаро пешгирӣ менамояд.

Барои паст шудани қанд

Пӯсти лӯбиё – 40 грамм

Барги газна – 20 грамм

Барги тут – 40 грамм

Аз се як ҳиссаи (1/3) ин таркибро дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш карда, монед як-ду соат истад. Гиёҳобро баъди ду соат соф карда, рӯздармиён 50-100-граммӣ нӯшидан гиред, қандатон муътадил мемонад.

Давоҳо аз барги дарахтон

Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта хушк кунед ва 2 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехтаро дар ним литр об ҳамагӣ 2-3 дақиқа ҷўшонида, дарҳол оташро хомӯш намоед ва монед ним соат истад, баъдан гиёҳоби ҳосилшударо полонда, рӯзе 3 бор 50-граммӣ бинӯшед.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...