Қулфинай кафолати солимӣ ва зебоӣ

Қулфинай кафолати солимӣ ва зебоӣ

Қулфинай кафолати солимӣ ва зебоӣ

Шахсеро ёфтан душвор аст, ки қулфинай (тути заминӣ)-ро дӯст надорад. Онро беҳуда “маликаи буттамеваҳо” намегӯянд, зеро дар баробари хушмаззагӣ, қулфинай анбори витаминҳои муфид мебошад.

 

Барқароркунандаи ҷавонӣ

Ҳангоми қулфинайро дар яхдон гузоштан он ях карда, таъми худро гум мекунад, вале таркиби витаминҳо ва минералҳояш бетағйир боқӣ мемонад. Ин меваи саршор аз витамин ва минералҳо махсусан барои бонувон муфид буда, ба барқарор кардани зебоӣ ва ҷавонии пӯст мусоидат менамояд. Қулфинай иммунитети инсонро пурқувват месозад. Барои баланд гардонидани масунияти бадан дар ҳар фасли пухтарасӣ қулфинай истеъмол намудан зарур аст. Новобаста аз он, ки қулфинай меваи ширин ҳисобида мешавад, дар таркиби он миқдори шакар ниҳоят кам мебошад.

 

Давои дарди сар

Дар таркиби қулфинай моддаҳое мавҷуданд, ки ба дорувории бедардкунанда монанданд, бинобар ин, ҳангоми дарди сар хӯрдани қулфинай хеле манфиатовар мебошад.

 

Манбаи зебоӣ

Дар рӯятон доғи кунҷидак ва холчаҳои майда мавҷуд бошанд, бо воситаи ниқоби қулфинай шумо метавонед онҳоро тамоман ноаён гардонед. Афшураи қулфинай доғи кунҷидак ва гармичаро равонда, таровати ҷавониро нигоҳ медорад. Бо малҳами меваи қулфинай шукуфаро низ дармон мебахшанд.

 

Хотираро мустаҳкам мекунад

Қулфинай барои мустаҳкам намудани хотира ва тез пир нашудани ҳуҷайраҳои мағзи сар манфиатовар мебошад. Дар тиби қадим қулфинай воситаи муҳими парҳезӣ ва давобахш маҳсуб мешуд. Табибон онро барои пешгирии пирӣ истифода мекарданд.

 

Тозакунандаи ҷигар

Табибони халқӣ пештар меваи тару хушк, афшура, барг ва решаи қулфинайро ҳангоми бемориҳои гуногуни ҷигар (холесистит, зардпарвин, гепатити кӯҳна, дарди санги талхадон) ва роҳи меъдаю рӯдаҳо (гастрит ва энтероколити музмин, бавосир ва ғайра) истифода мебурданд.

 

Давои камхунӣ

Ин меваи лазиз барои кори бонизоми узвҳои пешоброн (қабзияти пешоб, дарди санги масона) низ фоида дорад. Қулфинайро барои табобати табларза (чун давои арақовар), камхунӣ, тарбод ва ниқрис низ истифода мебаранд. Меваи қулфинайро барои табобати назлаи меъда, қабзият, ғалаёни хун, атеросклероз ва афтонидани кирмҳо ба кор мебаранд. Бӯйи бади даҳонро нест мекунад. Баҳри рафъ намудани бӯйи нохуши даҳон бо афшураи мева ва барги қулфинай ғарғара мекунанд.

 

Ғизои парҳезӣ

Дар тиби илмӣ меваи қулфинай ба сифати ғизои парҳезӣ, ҳозим ва хунофар ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар, дилу рагҳо, аз қабили миокард, бемории ишемияи дил, кардиоатеросклероз, ғалаёни хун, камхунӣ, ихтилоли мубодилаи намак ва ниқрис тавсия дода мешавад. Ашхосе, ки узвҳои пешобашон санг дорад, бояд аз ҷӯшоби мева ва барги қулфинай истифода кунанд.

Қулфинай хӯред ва ҳамеша солиму ҷавону зебо бимонед!

 

 

Пресса.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...