Муҳоҷирон аз сокинони Москав чи фарқ доранд?

Муҳоҷирон аз сокинони Москав чи фарқ доранд?

Муҳоҷирон аз сокинони Москав чи фарқ доранд?

Руҳияи муҳоҷирбадбинӣ дар Русия торафт авҷ мегирад, махсусан сокинони шаҳри Маскав ба муҳоҷирони меҳнатӣ, хоса зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша бо ҳисси нороҳатӣ менигаранд.

 

Чаро чунин аст?

Маълум мешавад, ки яке аз сабабҳои бо ҳам забон ёфта натавонистани сокинони Маскав ва муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ба зиндагӣ нигоҳи муттафовут доштани онҳост. Ин танҳо як андешаи хушку холӣ набуда, олимон тавофути нигоҳи ин ду табақаро исбот намудаанд. Олимони Институти тадқиқоти демографии Россия-РАН дар байни сокинони шаҳри Москва ва муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия омадаанд, назарпурсӣ гузаронида, ба хулосае омаданд, ки назари москвагиҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба зиндагӣ комилан аз ҳам фарқ дорад. Тибқи натиҷаи тадқиқот оила барои зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша дар ҷойи аввал меистад. Зимни назарпурсӣ 57%-и муҳоҷирони меҳенатӣ иқрор шудаанд, ки ҳар коре мекунанд, барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагии аҳли оилаашон мебошад. Ин дар ҳолест, ки танҳо 25%-и сокинони шаҳри Москва оиларо муқаддам медонанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади кор кардан ба Федератсияи Россия сафар кунанд ҳам, танҳо 30%-и онҳо гуфтаанд, ки кори мувофиқи табъе, ки имконияти рушди касбиро фароҳам меорад, барояшон муҳим аст. Дар ҳамин ҳол 42% сокинони Москва кор ва рушди касбиро дар ҷойи аввал мегузоранд. Аз рӯйи виҷдон зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан барои адолат барои 27%-и муҳоҷирони меҳнатӣ дар зиндагӣ хеле муҳим аст, вале ҳамагӣ 15%-и сокинони пойтахти Россия-шаҳри Москва виҷдон ва алодатро дар зиндагӣ муҳим мешуморанд. Озодии сухан ва имконияти гуфта тавонистани хоҳишу мақсади худ барои 13%-и муҳоҷирон муҳим буда, ҳамагӣ 6%-и москвагиҳо ба ин савол ҷавоби мусбӣ додаанд. Олимони РАН аз натиҷаи пурсиш ба чунин хулоса расиданд, ки сокинони шаҳри Москва корро ҳамеша дар ҷойи аввал мегузоранд, барои зодагони кишварҳои Осиёи Миёна бошад, оила муқаддас буда, ҳама талоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба беҳтар сохтани шароити зисту зиндагии аҳли хонаводаашон равона гаштааст.

 

Фирӯза Саторӣ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...