Бо дуруд ба Шумо азизони мо!

Бо дуруд ба Шумо азизони мо!

Мо комилан аз калимаҳои истифода кардаи хеш фикре намекунем, ки агар онҳоро эҳтиёт накарда гӯем, ҳатто баъзан ҳаёти касеро аз байн хоҳем бурд. Андешае накарда, дар бораи чизе сухан мегӯем, ки камтарин фаҳмишро надорем. Ба ин хотир, баъзан ҳатто хонаводаи хеле нозанинро бераҳмона парокада месозем. Ҳатто корро ба ҷое меоварем, ки ду ошиқи зори ҳамдигарро то ба дараҷае бо ҳам зид месозем, ки ба қасди куштани якдигар мегарданд. Падару модарро аз фарзандон ҷудову, кӯдаконро аз онҳо тамоман дур карда, ятим мегузорем. Масалан кадом як модареро сарчашмаи ғалате, дурӯғрасоне хабар медиҳад, ки писари шумо дар аскарӣ даргузашт. Дар асл каме захмӣ шудаасту халос. Модар аз шунидани чунин хабари нохӯш аз худ рафта, то аз аскарӣ омаданӣ писараш девона хоҳад шуд. Худовандо! Мо ва фарзандони моро аз чуни шайтонсифатон дар паноҳат нигаҳ дор! Чунин “намуна”– ҳо дар зиндагӣ хеле зиёд дучор мегарданд.

Дустони азиз! Ҳамаи ин нохӯшиҳо аз сухани ноҷойи ману шумост, ки оқибати хеле паст дорад. Тавре мебинем, сухани дар назар оддӣ, вале дар асл хеле заҳролудро наметавон баргардонд. Сухани гуфта, аллакай таъсири бади худро ба касе расонидааст, ки оқибати мудҳише низ дорад. Тавре мегӯянд, сухан бозичаи кӯдакона нест. Барои ҳамин, биёед ҳини суҳбату суханронӣ хеле боэҳтиёт бошем, ки ба якдигар зараре наорем. Гузориш шудааст, ки Абӯбакри халиф сангрезаҳоро дар даҳони худ нигаҳ медошт, то вожаи ғайри заруриеро бар забон роҳ надиҳад. Пеш аз оне, ки чизе гӯяд, чанд боре низ андеша мекард, ки ҳозир чунин сухан гуфтан равост, ё на. Бо эҳтиёти зиёд ва ишора ба забон карда мегуфтааст, ки: “ Ӯ (яъне забони ман) иллати ҳамаи мушкилоти ман аст”. Фикр кунед дӯстони азиз, ки ӯ бо эҳтиром хеле бузург гуфтор мекард. Метарсид, ки мумкин аст, аз ин гуфтор хато, ё гуноҳе содир накунад. Имрӯз аз замони гузашта дида, васвасакорӣ, шайтонӣ, дуруғгӯйӣ, туҳмат, фиребгарӣ ва ғайраҳои хеле зиёдеро ихтироъ кардаанд. Халосӣ аз ҳуҷуми чунин дурӯғҳо дар он аст, ки гӯш накарда, ҳар чӣ метавонед худро аз ноҳо дур созед, нашунавед. Гуноҳу ғалаткории дигаронро шунида, ба касе нақлу ривоят накунед. Агар дар назари аввал, ҳатто онҳо рост намоянд, ба дигарон паҳн накунед. Бикӯшед, ки хато, ё ғалати кардаро такрор накунед. Бахшед дигаронро, то худ бахшида шавед. Касеро бе асосе бо гуноҳи нодидаву носанҷида гунаҳгор, ҷинояткор ҳисоб накунед, зеро мумкин аст, ки фардо чунин ҳоли сахт ба сари шумо низ резида шавад. Биёед мисли ҳазрати Абубакр гуфтори хешро эҳтиёт созем. Ҳамду сано бар Холиқи ҳамаи мо!

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...