Абдураҳмони Мушфиқӣ

Абдураҳмони Мушфиқӣ

Абдураҳмони Мушфиқӣ

Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш – аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.

Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ў бисёр дастгириҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадраса дохил мешавад. Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомўзад. Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро бештар дўст медорад. Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ў шеъргўиро дар ҳамин шаҳр шурўъ кардааст. Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ўро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ў эҷоди чунин ашъор боис гардидааст. Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр истиқомат мекунад. Ў дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ў соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ўро дар мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ў сабт шудааст:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дўстон гузаранд,
Расад ба хотири эшон, ки хоксаре буд.

Мероси адабии Мушфиқи

Аз Абдуррахмони Мушфиқи то рузгори кунуни осори зерини адаби боки мондааст:

1. Девони мутоибот.

2. Ду девони газалиёт.

3. Девони касоид.

4. Се маснави:

а) «Сокинома»

б) «Гулзори Ирам»

в) «Чахоннамо»

Дар эчодиёти Абдуррахмони Мушфики газал макоми аввалиндарача дорад. Ду девони газалиёти шоир аз чахор хазор байт иборат аст. Мавзуъхои асосии газалиёти шоир асосан ишку исёнхои ботинии инсон, садои каблхои лабрези мухаббат, сузи ошику бемехрии махбуба, ниёзи ошику бениёзии маъшука, маю бодагусори, мусикиву навохохи, тасвири бахору ситоиши табиат ва гайра аст. Ин мавзуъхо бо ангезахои дигари ичтимои: ноадолатихову золими, бемехрию сустпаймони, хавобаландиву кибр, фиребу дасисакори, мунфикиву авомфиреби ва гайра хеле кавианд.

Шоир дар суннати газалсарои ғолибан ба Хасани Дехлави ва Камоли Хучанди пайрави мекунад:

Назми ту, Мушфики, ба Камоли Хасан расид,
Ту гуфтаи, ки пайрави пири Хучандиям. 

Дар баъзе ғазалхои ичтимоии шоир хам радиф (агар мураккаб бошад, боз бештар) ва хам кофия бори ғояви мекашанд. Ин ҳолат саргузашти каҳрамони лирикиро боз ҳам возеҳтару равшантар ва ошкоротар ҷилвагар месозад:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,
Шамъро сузам, дили парвонаро оташ занам.
То ба рағми ман насозад хонаи ишрат ракиб,
Пеш аз мурдан ба куят хонаро оташ занам.
Бо ҳама раънои аз оҳи дилам андеша кун,
Хирмане сузад агар як донаро оташ занам.
Ин ҳама оташ ба чони ман зи дасти дил афтод,
Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.
Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доги ҳасрат аст,
Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.
Мушфики дар дафтари айём мазмуни фаност,
Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

Бешубҳа ғазали боло яке аз газалхои шоир аст, ки мазмуни басе баланди иҷтимои дорад. дар эчоди чунин шеърҳо Мушфиқи хеле қавипанҷа мебошад, зеро ҳолати мазкур дар иртибот бо авзои таърихии замони у шояд пеш омада бошад. У мегуяд:

Ҳаргиз нафасе шод надидам дили худро,
Аз банди ғам озод надидам дили худро.
То ғам нахурад кас нашавад манзиле обод,
Ғам хурдаму обод надидам дили худро. 

Ба ҳар ҳол пеш аз ҳама шахсияти шоир бояд фаҳмида шавад. Ў чое тамоман ноилоҷ мондани худро таъкид кардааст;

Дармони дил кучост, ки баҳри даво равам,
Бечораам, илоч надорам кучо равам?
Ё ин ки:
Руи муроде харгиз надидам,
Аз номуроди умрам сар омад.

Ин аст, ки шоир барои тасали ёфтан ва таскин додани дили худ, ба сузи дилу ашки чашм (гиряи ҷигарсуз) дар ин дунёи бевафо созиш кардан мехоҳад. Аз ин чост, ки танкиди руирости шоҳону амирон ва вазирону хокимон дар эҷодиёти у хеле кам аст. Яъне у созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз ҳамин чиҳат бошад, ки шоир бештар ба ҳазлу шухи ва ашъори мутоибави рӯ меорад. Албатта, ин мазуъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танкиди зимомдорони замона мебошад:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фони,
Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар. 

«Адабиёти тоҷик»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...