Шоире, ки 42 фарзанд дошт…

Шоире, ки 42 фарзанд дошт…

Шоире, ки 42 фарзанд дошт…

 

Шоирони мо ғайр аз осор бо ин ё он хислаташон ё ривоёт дар байни мардум маъруф ҳастанд. Масалан, дарозумриро ба Саъдии Шерозӣ, ғайбдониро ба Ҳофиз нисбат медиҳанд. Аҳмади Ҷомӣ бошад, соҳиби 42 фарзанд будааст…

 

Аҳмади Ҷомӣ, ки дар таърих ҳамчун ориф ва ҳамчун шоир маъруф аст, дар соли 441-и ҳиҷрии қамарӣ, 1049-и мелодӣ дар деҳаи Номқи вилояти Ҷом ба олам омад. Вай дар баробари шоир буданаш аз авлоди шахсиятҳои бузурги таърихи ислом ба шумор меравад. Вай аз фарзандони саҳобаи Расулуллоҳ – Ҷарир ибни Абдуллоҳ будааст. Ҷарир ибни Абдуллоҳ дар соли охирини зиндагии Муҳаммад алайҳиссалом исломро қабул мекунад ва аз худаш нақл ҳаст, ки ҳар гоҳ бо ӯ паёмбар мулоқот мекарданд ва ё рӯ ба рӯ мегаштанд, табассум менамуданд. Ҳазрати Умар Ҷарир ибни Абдуллоҳро «Юсуфи ин уммат» хитоб мекарданд.

Аҳмади Ҷомӣ дар тӯли умри худ ба ҳидояти мардум машғул гашт ва дар ҳаёти худ мекӯшид, ки доимо ба нафъ ва фоидаи мардумон кор кунад. Беш аз ҳама вай мехост, ки мардумро аз роҳи бад гардонад ва онҳоро ба тавба мутамоил гардонад.

Аҳмади Ҷомӣ бо тахаллусу унвонҳои фахрии Жандапил, Шайхи Ҷом машҳур аст. Аз ӯ девони ашъор, ки ҳиссаи бештараш аз ғазал иборат аст, боқӣ мондааст. Аҳмади Ҷомӣ ҳамасри Саноии Ғазнавӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва Айнулқуззоти Ҳамадонӣ буд. Даргузашти Аҳмади Ҷомӣ дар соли 534-и ҳиҷрӣ, 1139-и мелодӣ сурат гирифтааст. Марқади ӯ то кунун зиёратгоҳи аҳли фазл мебошад.

Аҳмади Ҷомӣ аз сабаби бузургҷуссагияш Жандапил унвон гирифтааст. Гоҳо ӯро Зиндапил ҳам навиштаанд, яъне вай аз лиҳози ҷисмонӣ ягон ноқисие надоштааст.

Аз ин шоир ва ориф чилу ду нафар фарзанд ба ҷаҳон мерос монда будааст, ки сию нуҳтои онҳо писар ва се нафари дигарашон духтар будаанд. Табиист, ки Шайхи Ҷом фарзандонашро босавод тарбия кардааст. Қисме аз фарзандонаш тариқати падарашонро идома дода, ба ҳидояту иршоди мардум машғул гардидаанд, як гурӯҳи дигари фарзандони Аҳмади Ҷомӣ то ба мартабаи вазирӣ ва дабириву амирӣ расидаанд.

Худи Аҳмади Ҷомӣ маърифати Парвардигорро сарвати нек меҳисобид ва дунёро бошад, чизе намедонист, чунон ки фармудааст:

Молу мулку тахту бахту миру чокар ҳеч нест,

Кору бору гиру дору зебу зевар ҳеч нест.

Қасру насру шоҳу моҳу боғу роғу гулситон,

Чун кушоӣ чашми ҷуръат, эй бародар, ҳеч нест.

 

 

И. Раҳимов, фарҳангшинос

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...