Солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ

Солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ

Солшумории ҳиҷрӣ ин солшуморӣ аз давра, яъне барои муъаян намудани гардиши моҳтоб аст.

Дар солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ дар миёни мусалмон дар номгӯзории моҳҳо фарқе нест ин чунин дар оғозу ниҳояти он низ фарқе нест, зеро моҳтоб, ё 29, ё 30 рӯз аст.

Тақвими солшӯмории ҳиҷрӣ қамарӣ аз 12 моҳ иборат аст. Дар як сол мисли солшумории мелодии, вале адади рӯзҳои он 354 рӯзро дар бар мегирад. Ба хилофи солшӯмории мелодии, ки он 365, ё 366 рӯзро дар бар мегирад. Барои хонандагони гиромӣ ин 12 моҳи ҳиҷрӣ қамариро баён мекунем.

Муҳаррам. Ин аввалин моҳи солшуморӣ буда, яке аз моҳҳои ҳаром мебошад, ки имрӯз мо дар ин моҳ ҳастем ва дар саҳифаи 5 ум дар бораи фазилати ин моҳ навиштаем.

Сафар. Арабҳо дар ин моҳ сафар менамуданд аз сарзаминашон аз назди оилаҳояшон барои дарёфти ризқу рӯзи.

Рабеъ-ул-аввал. Дар фасли баҳор мутобиқ омада, ба ин хотир чунин номгӯзорӣ намӯданд.

Рабеъ-ул-сони. Ин моҳи дуввуми баҳор буда, ба ин хотир чунин номгӯзорӣ намӯданд.

Ҷимодул-уло. Дар ин моҳ замистон буда, об ях мекунад.

Ҷимодул-сонӣ. Ин моҳ ҳам дар зимистон буда, моҳи дуввуми зимистон.

Раҷаб. Ин моҳ яке аз моҳҳои ҳаром аст.

Шаъбон. Ин моҳро барои он чунин номиданд, ки мардум дар миёни моҳи Раҷаб ва Рамазон қарор доштанд.

Рамазон. Ин моҳи рӯзадорӣ ва ибодат аст.

Шаввол. Дар ин моҳ иди саиди фитр аст.

Зулқаъда. Ин моҳ низ яке аз чаҳор моҳи ҳаром аст.

Зулҳиҷҷа. Ин моҳ моҳи ҳаҷ аст ва дар ин моҳ иди Қурбон аст. Дар ин моҳ мусалмонҳо ҳаҷ ва қурбонӣ мекунанд. Ин моҳҳам яке аз моҳҳои ҳаром аст.

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...