Фазилатҳои моҳи Шаъбон

Фазилатҳои моҳи Шаъбон

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

 

Ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар ﷺ ва олу асҳобаш бод.

 

Шаъбон моҳи ҳаштумини соли ҳиҷрии қамарист. Ин моҳ дорои баракот ва фазоили бешуморе аст. Расули акрам ﷺ фармудаанд: «Шаъбону шаҳрӣ ва Рамазону шаҳруллоҳ». Яъне: Шаъбон моҳи ман ва Рамазон моҳи Аллоҳ аст. (Дайламӣ). Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам ﷺ бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фӣ Раҷаба ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон». Яъне: Парваридгоро, моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон.

Шаъбон ба маънои шох дар шох шудан аст. Ҳазрати Анас мегўяд: Сабаби ин ки ин моҳ ба Шаъбон номгузорӣ шуд, ин аст, ки дар ин моҳ, некиҳои рўзадор ҳамчун шохҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад. Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа мефармоянд: «Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон) мушоҳида надидаам, ки Паёмбар дар он ин қадар ба касрат рўза бигирад. Он Ҳазрат бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбон рўза дошта ба Рамазон мулҳақ намоянд». (Муслим, «Салот»-176 Абўдовуд, «Савм»,56).

Ҳазрати Усома мегўяд: Эй Расули Худо ﷺ, Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рўза мегиред, сабабаш чист? Расули акрам ﷺ гуфтанд: Ин моҳ, чунон моҳе аст, ки дар миёни Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумори рўзадорон бошам. (Сунани Насоӣ).

Рўза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннати қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сўи намози фарз комилан мутаваҷҷеҳ мешавад. Ба ин гуна бо рўза гирифтан дар Шаъбон нисбати унс ва тааллуқи қалбӣ бо рўзаи Рамазон ҳосил мегардад. Номи Шаъбон аз калимаи «ташаъъаба» гирифта шуда, маънои вусъатдиҳӣ, паҳншавиро дорад, яъне дар ин моҳ хайру некӣ паҳн мешавад.

Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон дониста мешавад. Зеро чун мусулмон бо иҷрои тамринҳои пешакӣ вориди як моҳи комили рӯзадорӣ мегардад, кулфату машаққати ташнагӣ ва гуруснагӣ ӯро азоб намедиҳад ва Рамазонро бо неруву нишот истиқбол мегирад. Ба таври дигар бигӯем, он муқаддимаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръон ба такрори Каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки моҳи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моҳи Шаъбон медаромад, дуконашро баста ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Бароат» ва дар урфи мардум «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рўзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад.

Дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар ин шаб ба ғайр аз гуноҳи ҳасудон ҷодугарон, майхорагон, қатъкунандагони силаи раҳм, оқи волидайн, мутакаббирон ва фитнагарон, дигар гуноҳи ҳамаи мусалмонон бахшида мешавад. (Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.2 саҳ. 176). Бинобар ин тавсия мешавад, ки ин шабро бо ибодат ва ёди Аллоҳ таъоло рўз намудан хеле хуб аст.

Ба ин мақсад Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред ва дар рўз рўза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ў шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад. Аллоҳ таъоло мефармояд: Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро меғфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам». (Ибни Моҷа, «Ат-тоҷ», ҷилди 2, саҳ. 93)

Хулосаи калом ин аст, ки моҳи Шаъбон дар шариати Ислом ҳамчун муқаддимаи вуруд ба "зиёф атуллоҳ", яъне меҳмонии Худо дар моҳи Рамазон дониста шудааст. Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд.

 

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.   Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия”...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...


Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Нишонаҳои инфаркт дар мардон ва занон ба ҳамдигар хеле монанд буда, беморӣ асосан бо пайдоиши дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад, вале баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ дорад.   Тавре ки таҷрибаҳои чандинсолаи табибон нишон медиҳанд, инфаркт дар мардон аллакай дар синни 45-солагӣ...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...