Муҳосабаи нафс беҳтар аст, ки дар дунё сурат бигирад

Муҳосабаи нафс беҳтар аст, ки дар дунё сурат бигирад

Муҳосабаи нафс беҳтар аст, ки дар дунё сурат бигирад

Дар ривоёт мехонем, ки дунё киштзоре барои охират аст. Пас табиист, ки дар ин киштзор ҳар кор, рафтор, гуфтор ва кирдори банда бесаҳву хато буда наметавонад. Чун ӯ фарзанди ҳамон Одам аст, ки бо хатое аз биҳишт ронда ва ба ин дунё оварда шуд.

 

Расули Худо ﷺ дар ривояте ба ин маъно фармудааст: «Ҳар як фарзанди Одам хатокор аст ва беҳтарини хатокорон тавба- (бозгашт)- кунандагонанд». Мантиқи ривояти мазкур бар он далолат мекунад, ки ҳар хатову иштибоҳкардаеро, агар умр боқӣ бошад, фурсати бозгашт ва тавба карданро додаанд, то дар мавриди кардаҳои хуб шукри Ҳақтаолоро ба ҷо овараду барои кардаҳои нохубаш аз Ӯ таоло талаби истиғфор намояд.

Ҳазрати Ҳақтаъоло дар Қуръони карим фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чӣ фиристодааст. Аз Худо битарсед, ки ҳаройна, Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (Сураи «Ҳашр», ояти 18).

Аҳли илм дар тафсири ин ояи карима ҳарфҳои зиёд гуфтаанд, дар ҳадисе ба ин мазмун омадааст, ки оқил онест, ки худро шинохта барои замони пасомаргияш кор мекунад ва хулосаи каломи эшон чунин аст: пеш аз он ки ба ҳисоби аъмоли шумо бирасанд, худатон аъмоли худро мавриди муҳосаба қарор бидиҳед!

Агар кори хубе анҷом додаед, Худоро сипос гуфта аз Ӯ талаб кунед, ки барои зиёдатар кардани чунин амалҳо тавфиқро рафиқатон созад ва дар ҳолате, ки муҳосабаи корҳои номатлуби худро оғоз мекунед, барои сарзадани номаъқулиҳо инсон бояд нахуст худро маломат кунаду сипас аз Офаридгори худ талаб намояд, ки дигар асло фурсати убур кардан аз чунин пайроҳаҳоро барояш насиб накунад.

Ҳамин кардаҳои хуб ва номаъқулиҳои шум аст, ки зиндагии фард гоҳ ба биҳишт ва гоҳи дигар ба ҷаҳаннам табдил мешавад. Инсонҳое, ки дар рӯз, ҳафта, моҳ, сол ва ҳатто умри худ дасти кам як маротиба нафси худро муҳосаба намекунанд, аксари маврид, дар ин дунё, дар оташи кинаву буғзу адоват, бадбиниву бадгумонӣ, бадрафториву бадахлоқӣ ва ѓайра… месӯзанд. Худованди карим фармудааст: «Ва савганд ба нафсу он ки некӯяш биёфарида, сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда, ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт ва ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар палидиаш фурӯ пӯшид, зиён кард!» (Сураи «Шамс», оятҳои 7-10).

Инсони накӯандеш ҳар шаб нафси худро мавриди муҳосаба ва ё бозпурсӣ қарор медиҳад. Зеро ӯ медонад, ки тамоми аъмоли бани Одам, хубу бадашон ва низ асари онҳо навишта мешавад. Худои карим иршод фармудаанд: «.. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин (корномаи равшан) шумор кардаем» (Сураи «Ёсин», ояти 12).

Ровиёни таърих нақл кардаанд, ки ҳарзати Умар ба баъзе намояндаҳояш навишта буд: «Қабл аз он ки дар вазъияти сахт туро муҳосаба кунанд, дар ҳолати осудагӣ ба ҳисоби худ бирас, чун ҳар нафаре, ки пеш аз сахтӣ дар осудагӣ худро бозпурсӣ кунад, аз худ розӣ ва хушҳол мегардад ва ҳар киро ҳавои нафс ва умури дунё аз ин чиз машғул бисозад пушаймон ва зиёнкор хоҳад буд».

Ба ҳамин хотир бояд огоҳ бошем, ки Худои таъоло тамоми карда ва нокардаҳои қасд доштаи иснонро медонад ва низ: «Ӯ чашмҳоеро, ки ба хиёнат гардиш мекунанд медонад ва аз ончӣ дар синаҳо пинҳон аст бохабар аст» (Сураи «Ғофир», ояти 19). Бо ин вуҷуд хушиҳо ва нохушиҳои рӯзгор, дар баробари тақдири Илоҳӣ, ба аъмоли мо бандагон низ рабт дорад, чун ки Худои таъоло ба таъкид гуфтааст: «Агар шуморо мусибате аз мусибатҳо, расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Худо бисёре аз гуноҳонро афв мекунад!» (Сураи «Шӯро», ояти 30). Бо ин ҳама аз раҳмати Парвардгор набояд ноумед шуд, балки ҳар чи бештар аз ин фурсат истифода бояд кард ва ризояти Худоро дар ин дунё ба даст биорем, чунки баъд дер хоҳад шуд.

 

(«Шуроиуламо»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...