Муҳосабаи нафс

Муҳосабаи нафс

Бузургтарин роҳи расидан ба салоҳи нафс ва тазкияи он муҳосабаи нафс аст дар мавриди ҳар он чӣ нафс мегӯяд ва соҳибашро ба он мефармояд.

Агар туро вакиле бошад, ки нафсашро муҳосаба кунад, пас ту ӯро муҳосаба намекунӣ, чунки ӯ худ нафсашро муҳосаба мекунад, вале агар вакиле дошта бошӣ, ки нафсашро муҳосаба накунад, пас ту ӯро муҳосаба мекунӣ ва дар муҳосаба карданаш зиёдаравӣ ҳам мекунӣ. Бинобар ин, бояд ҳамаи амалҳои ту аз барои Худои таоло бошад ва набояд пиндорӣ, ки ту кореро анҷом медиҳиву Худои таоло барои он туро муҳосаба намекунад. Ин роҳ равиши бузургони ба Ҳақ таоло расида буд. Шайх Макинуддин ал-Асмар (қдс), ки аз абдоли ҳафттан буд, гуфтааст: «Дар ибтидои амри худ ман дӯзандагӣ мекардам ва аз ин роҳ рӯз мегузаронидам. Суханони рӯзона гуфтаамро мешумурдам. Чун бегоҳӣ фаро мерасид, худро муҳосаба мекардам ва суханонамро андак меёфтам. Он чӣ аз хайр дар онҳо пайдо мекардам, барои он Худовандро ҳамду сано мегуфтам ва аз чизе, ки дар он ғайри инро пайдо мекардам, пеши Худо тавбаву истиғфор менамудам». То ин ки ӯ аз ҷумлаи абдол гашт. Абуҳафси Ҳаддоди Нишопурӣ (раҳ) гуфтааст: «Нафс ҳамагӣ зулмат аст ва чароғи он сирраш аст ва нури чароғаш тавфиқ аст». Мурод аз қавлаш: «чароғаш сирраш аст» сирри банда аст, ки байни ӯ ва Худои таолост ва он маҳалли ихлоси ӯст. Бо ин банда эътироф мекунад, ки ҳар он чӣ воқеъ мешавад, аз ҷониби Худост: на худ ба худ ба амал меояд ва на аз ҷониби худи ӯст, то дар тӯли замонаш аз тавону неруяш тиҳӣ шавад. Сипас, ба тавфиқи илоҳӣ худро аз бадиҳои нафсаш дур нигаҳ дорад». Яъне, нафси банда саропо зулмат аст ва чароғи он ҳамон сирре бошад, ки байни банда ва Парвардгораш аст. Чун банда аз тавону неруяш тиҳӣ гардад ва назди Худованд ба гуноҳу нотавониаш иқрор шавад ва вақте банда инро дар сирраш эътироф намояд, аз сӯи Худои таъоло тавфиқе ба вай мерасад, ки бо он ӯро аз бадии нафсаш нигаҳ медорад. Пас, мадори кор бар сирре аст, ки бо он банда аз нотавониаш дар назди Парвардгор иқрор мешавад ва ба тавфиқе аст, ки бо он Худованд бандаро имдод мекунад.

Аз ин рӯ, машоих гуфтаанд: «Ҳар он кас, ки ӯро сирр набошад, пас ӯ (бар гуноҳ) исрор меварзад». Бузургтарин коре, ки бандаро дар муҳосабаи нафсаш кумак мекунад, бо мавъиза аз хоби ғафлат бедор кардани ӯ ва ёдовар шудан аз фарҷому оқибатҳои он аст, то росту дуруст шавад. Яке аз содиқон нафсашро панд медод ва мегуфт: «Эй нафс! Оё набинӣ ононро, ки пеш аз ту гузаштанд, чӣ гуна бунёд карданду боло рафтанд, сипас гузаштанду раҳо карданд ва чӣ гуна Худованд заминашонрову диёрашонро ба душманонашон супурд? Магар набинӣ онҳоеро, ки чизе андӯзанд, ки худ нахӯранд; чизе бино кунанд, ки дар он маскун нашаванд ва чизе умед доранд, ки дарнаёбанд? Эй нафс! Аҷибтар аз кори ту чизе нест! Чӣ гуна чунин умури возеҳу ошкорро надидӣ?! Шояд туро, эй нафс, дӯстии ҷоҳ масту мадҳӯш гардонид, ки ба моҳияти он сарфаҳм нарафтӣ! Оё наандешидӣ, ки ҷоҳ, ҷуз барои ба даст овардани дилҳо, дигар маъное надорад? Пиндор, ки ҳар он кӣ бар рӯи замин аст, ба ту саҷда овард ва итоат кард, оё надонӣ, ки пас аз панҷоҳ сол на ту мониву на яке аз онҳое, ки бар рӯи замин туро парастиданду саҷда карданд ва замоне фаро мерасад, ки ёде аз ту намонад. Пас, чӣ гуна, эй нафс, чизеро, ки абадулобод боқӣ мемонад, дар бадали чизе мефурӯшӣ, ки беш аз панҷоҳ сол боқӣ намемонад?! Эй нафс, магар шарм намедорӣ?! Зоҳиратро барои халқ зебу зинат медиҳиву дар пинҳон бо азоим1 бо Худованд мубориза мебарӣ. Вой бар ту, магар Ӯ аз беарзиштарин назоракунандагон ба сӯи ту аст?! Вой бар ту, эй нафс, агар худро чунонки боястӣ, мешинохтӣ, ҳароина, яқин медонистӣ, ки ҳеч балое ба мардум намерасад, магар ба шумии ту! Шигифтову воаҷабо, ки ту ба афзуншавии моли худ хушнуд мешавӣ, вале ба косташавии умрат ғамгин намешавӣ; чӣ суд аз моле, ки афзун гардаду умр коста шавад?!»

1 Азоим – ҷамъи азимат.

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир

ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...