Торти банандор

Торти банандор

Торти банандор

Маҳсулоти лозима: 200 грамм равғани маска, 4 дона банан, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 4 тухм, 100 грамм чормағз, 1 истакон орд, 1 истакон қаймоқ (сметана), 1 истакон шакар.

 

Барои малҳам: 500 мл шир, 200 грамм шакар, 50 грамм орд, 4 зардии тухм. Тарзи таҳия: Тухмро бо шакар лат зада, қаймоқ ва равғани маскаро илова кунед. Орду моддаи ковоккунандаро мунтазам илова намоед. Хамири тайёршударо ба се қисм тақсим карда, як қисмашро дар тоба, дар ҳарорати 190 дараҷа, муддати 20 дақиқа пазед. Хамири боқимондаро низ, ҳамин тавр пазед. Зардиҳои тухмро бо шакару орд лат зада, ба он шири пухтаи ҷӯшонро илова кунед ва дар оташи паст то ғафс шуданаш 8 дақиқа пазед. Баъди молидани малҳам, ба қабатҳои торт як қабат банани резашударо чинед ва болояшро бо чормағз оро диҳед.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...