Муфтии Ҷумҳурии Доғистон, шайх Аҳмад Пир руҳониёни кишварро бо фарорасии иди Қурбон табрик гуфт

Муфтии Ҷумҳурии Доғистон, шайх Аҳмад Пир руҳониёни кишварро бо фарорасии иди Қурбон табрик гуфт

 

“Дуруди Худован ба Шумо!

Оромиву раҳмати Худованд бар Шумо бод, хоҳар ва бародарони азиз!

 

Бо фарорасии яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми мусалмон, яъне Иди Қурбон ҳамаи шуморо муборакбод мегӯям!

Ҷашни мавсуф аз анҷом додани зиёрат, ё ҳаҷӣ бузурги макони муқаддас хеле машҳур мебошад. Аз Хуванди Бузург, барои чунин меҳрубонии имсола, бисёр сипосгузам. Барои ҳамаи мо муҳим аст, ки дар ин идҳои муборак меҳнатдӯстӣ нишон дода, ба ниёзмандону камбизоатон дасти ёрӣ дароз кунем, дар дили онҳо шодӣ бахшем, кумак кунем, ба онҳо гӯшти қурбониро тақсим кунем.

Худованди мутаъол дар Қуръон ба мо хитоб мекунад (маънои оят): «Ҳеҷ гоҳ ба парҳезгорӣ (ва хушнудии Офаридгор) ноил нахоҳед шуд, то дар роҳи Ӯ аз он чи дӯст медоред, инфоқ накунед. Ва ҳар қадаре, ки харҷ кунед, Худо ба он огоҳ аст (ва мукофоти шуморо ба тамомӣ медиҳад)» (Сураи Оли Имрон, ояти 92). Аз ин рӯ, барои мо хеле муҳим аст, ки нисбати атрофиёнамон, ки ба кӯмак ва таваҷҷӯҳи мо ниёз доранд, ғамхорӣ кунем.

Хушбахтӣ дар он аст, ки Ҷаҳонофарин ба зиёраткунандагони имсола, қуввату тавонойи дода, ки ин аркони ҳаҷи муқаддасро иҷро кунанд. Бошад, ки Кирдгори Бузург фидогорӣ, қурбонӣ ва ҳамаи некӯкориву амали хайри моро бипазирад. Омин!

Албатта, наметавон аз он шод бошем, ки рӯзҳои ҷашнгирӣ дар кишвар мо ва дар сойири дигари мамалакати ҷаҳон дар миқёси хеле бузург ба манфияти маъюбон, ятимон, шахсони танҳо, ниёзмандон ва бечорагон кори хайр ба анҷом дода мешавад. Бигузор Худованди Бузург, ҳамаи пиру ҷавоне, ки барои мо дасти хайр дароз карда, ба мардум қурбониҳо мекунанд, подоши хайр дода, ба мо низ дастур диҳад, ки доимо ба ниёзмандон новобаста аз дину миллат кумаки бештар карда тавонем.

Аз Худованти Бузуг хоҳиш дорам, ки сиголиши самимонаи моро бишнавад, нияти моро пок кунад, саховатмандонро тандурустию хушбахтӣ ва ҷаҳони моро оромӣ бахшад.

Иди Қурбон муборакатон бод!”.

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...