Табрикоти мухаррир

Табрикоти мухаррир

Бо камоли адаб, эҳтиром, муҳаббат ва самимият ба шумо хонандагони Азиз! Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барракотуҳ.

 

Инак, чанд рузҳое дигаре барои омадани моҳи шарифи Рамазон боқӣ монд, моҳест, ки амалҳои пур аз нуқсон кардаамонро бишуем ва дар ин моҳи муборак ҳар кас ба қадри тавони тушаи охирати худро омода мекунад.

Аз фурсат истифода бурда, якояки шуморо бо омдани моҳи мағфират моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, бароятон мағфирати гуноҳро аз даргоҳи Илоҳӣ таманно дорам.

Бигузор, ҳамеша садои дилнишини Қуръон дар хонадони мову шумо танинандоз бошад, хонаҳоямон бо намозҳои дили шаб нуронӣ гардад, амалҳои некамон ҳаргиз гусаста мабод ва махсусан қалбҳоямон нисбати ҳамдигар поку беолоиш бошад.

 

Рамазон муборак!

Муждаи мунтазирон моҳи Худо омадааст,

Моҳи тасбеҳу, таровеҳу, дуъо омадааст.

Моҳи дилдодагии банда ба Маъбуд расид,

Бар сари суфраи шоҳона гадо омадааст.

Имрӯз ки мо дар омад омади моҳи мубораки Рамазон қарор дорем ва мо бояд фазилати ин моҳи муборакро донем.

Дар ҳақиқат моҳи Рамазон қадру манзалати бузуpгe доранд. Дар бораи фазилати моҳи Рамазон дар саҳифаи 5-ум овардаем. Моҳи пурбаракати РАМАЗОН бар ҳамаи шумо муборак бошад, азизон!.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...