Табрикоти муҳаррир

Табрикоти муҳаррир

Табрикоти муҳаррир

 

Азизон ва хонандагони арҷманд. Имрӯз ки мо дар омад омади Иди мубораки Фитр қарор дорем. Шуморо бо иди бузурги Фитр самимона табрик мегӯям.

 

Худованд ҳар як амали хайрро қабул гардонад, баракати бепоён низ ато фармояд. Офаридгорро ситойиши беандоза дорам, ки ба мо имкон дод то, ки ин айёми муборакро бубинем. Аз Ӯ таманно дорам, ки дар соли оянд моро аз ин раҳмати худ маҳрум насозад. Худованди мутаъол тамоми гуноҳони моро биомурзад, рӯзаву намозу закот ва ҳамаи амали хайри дар ин моҳи шариф кардаро қабул гардонад ва савоби онро чандин баробар созад! Бигзор ахлоқу амали нек, ки дар моҳи Рамазон ба даст овардаем, то абад бо мо бимонад ва ҳар гуна гуноҳу амали бад, ки аз он раҳо кардаем, ҳаргиз ба сари мо барнагардад!

 

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

 

Аз Худованди мутаъол ба хотири ин моҳи муборак талаб мекунам, ки моро аз мусибату бадбахтӣ, ҷангу ҷидол дар паноҳаш нигоҳ дорад. Омин!

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...