Табрикот

Табрикот

Дуруди Худован ба Шумо!

Раҳмати Худованд бар Шумо бод, хоҳар ва бародарони азиз!

Бо фарорасии яке аз бузургтарин ҷашн, яъне Иди Қурбон ҳамаи шуморо муборакбод мегӯям!

 

Рӯзи ид рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, чаро ки ин рӯз рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст.

Дар ин рӯзи муборак кинаву кудрату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамон ва ҳамватанонамонро дар оғӯш гирем.

Чунки асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом барои сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накӯкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарурат дорад. Аз ин хотир, дини Ислом ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад. Худованд мефармояд: «Дар некӯкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед». (Сураи «Моида», ояти 2).

Шайх Саъдии бузургвор дар фазилати некӣ ва эҳсон ба ниёзмандон чунин мефармояд:

Бузурге расонад ба муҳтоҷ хайр,

Ки тарсад, ки муҳтоҷ гардад ба ғайр.

Фурӯмондагонро дарун шод кун!

Зи рӯзи фурӯмондагӣ ёд кун!

На хоҳандаӣ бар дари дигарон,

Ба шукрона хоҳанда аз дар марон!

 

Аллоҳ Таоло ба зиёраткунандагони имсола, қуввату тавонойи дода, ки ин аркони ҳаҷи муқаддасро иҷро кунанд. Умедворем, ки Аллоҳи Бузург фидогорӣ, қурбонӣ ва ҳамаи некӯкориву амали хайри моро бипазирад. Омин!

Ҳаҷ ба касоне, ки қудрати молӣ ба рафта ба суи хонаи Каъбаро дошта бошанд, фарз мебошад.

Аъмоли ҳаҷ асосан аз умури зерин иборат мебошад:

Бастани эҳром аз миқот, тавофи қудум, саъй байни Сафо ва Марва, вуқуф дар Арафот, шабгузаронӣ дар Муздалифа, ҳузур дар Мино ва рамйи ҷамарот, забҳи қурбонӣ, тарошидан ё кўтоҳ намудани мўи сар, тавофи зиёрат ва тавофи видоъ. Дар ҳар яке аз ин аъмоли ҳаҷ фалсафа ва ҳикмате нуҳуфтааст, ки ҳадаф аз анҷоми ҳаҷ дарёфтан ва ноил гардидан ба ин ҳикмати илоҳӣ мебошад.

Ҳаҷи хонаи Худо агар саҳеҳ ва бо риояти одоби он анҷом шавад, самарот ва дастовардҳои бисёр муҳим ва ширине ба ҳамроҳ дорад. Агар ҳоҷӣ ҳаҷҷи худро бидуни нуқсон ба анҷом расонад, аввалин подошаш омурзиши гуноҳон ва вуруд ба як зиндагии ҷадид аст. Худованд ба ҳамаи ҳоҷиён ҳаҷҷи мабрур ва амали мақбул насибу рўзӣ гардонад.

Иди Қурбон муборакатон бод!

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...