Кудаки 3 моҳа чиро мефаҳмад?

Кудаки 3 моҳа чиро мефаҳмад?

Кудаки 3 моҳа чиро мефаҳмад?

Бисёр модарон “кӯдаки навзод ҳеҷ чизро намефаҳмад” гуфта бо тифлашон гап намезананд, аммо ин фикр комилан ғалат аст. Тифл ҳанӯз замони дар батни модар буданаш суханҳоро мешунавад.

 

Албатта ӯ ба гапҳои шумо ҷавоб намедиҳад ва мазмуни қисмати зиёди суханони шуморо намефаҳмад, лекин ҳатман дар бораи мавзӯе ҳамроҳаш сӯҳбат кардан лозим аст. Вақте ки бо кӯдак гап мезанед, вай дар мағзаш барои худ калимаҳоро захира мекунад. Ба кӯдак калимаҳоро дурусту пурра гуфтан лозим аст. Ӯ бояд аз аввал калимаҳоро дуруст шунавад то барои гуфтанаш худро тайёр кунад. Ҳарчанд талалффуз кардани баъзе калимаҳову ҳиҷоҳо барояшон душвор аст, аммо ба ин нигоҳ накарда, суханҳои дурустро гуфтан лозим аст. Баъзан вақт кӯдакон шеърҳои кӯтоҳ ва ё гапҳои дигаронро такрор мекунанд, ки ин нишонаи инкишофи нутқи кӯдак мебошад. Маъмулан кӯдак ҳарфҳои «ж», «ш», «ч», «ҳ», «с», «з» ва «қ»-ро дуруст талаффуз мекунад, аммо ҳарфҳои “л” ва “р”-ро душвор талаффуз мекунанд ва ё умуман талафуз намекунанд. Барои гап задани кӯдак узвҳои шунавоӣ, биноӣ, шоммеъа ва системаи асаб нақш мебозанд. Онҳо аз яксолагӣ то сесолагӣ инкишоф меёбанд. Кӯдак дар чорсолагӣ дар гап задан мушкил дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки яке аз ин узвҳо инкишоф наёфтааст ва ё дар инкишоф мушкил дорад. Кӯдаконе ҳастанд, ки системаи шунавоияшон хуб асту ҳамаи гапҳоро мефаҳманд, вале калимаҳоро дуруст талаффуз карда наметавонанд. Дар ин ҳолат даступохӯрда нашуда, барои дуруст гап задан ба ӯ кӯмак кардан лозим аст. Барои ҷумлаҳоро дуруст истифода намуданаш ёрӣ диҳед. Ҳамроҳаш хуб гап зада, хатоҳояшро ислоҳ намоед. Дар ҳолати хато карданаш нахандед, зеро кӯдак шарм дошта, минбаъд кӯшиши суҳбат карданро намекунад.

 

Саодат Розиқова

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...