Мусоҳиба бо Нурулло Алиев

Мусоҳиба бо Нурулло Алиев

“Уқоби тоҷик” Нурулло Алиев баъд аз ҳунарнамоии аввалин ва пирӯзияш дар созмони UFC ба Тоҷикистон баргашт ва меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуд. Дар нашри 7-уми барномаи “РӮ ба РӮ” -и ютубканали Pressa.tj ӯ роҳи тайкардаашро то октагони UFC - муътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши муҳорибаҳои омехта нақл кард...

 

- Нурулло, шуморо бори дигар бо фатҳи UFC табрик мегӯям. Баъди ғалаба чӣ эҳсосот доштед?

- Эҳсосотамро баён карда наметавонам. Зеро ин ғалаба барои ман муҳим буд. Чунки мардуми Тоҷикистон солҳо интизор буданд, ки кай як тоҷик ба UFC роҳ меёбад. Худованд инро ба ман насиб кард.

 

- Рақиби шумо Рафаел Алвес ҳам яке аз размкорони таҷрибадори UFC аст. 10 сол аз шумо калон асту 20 ғалаба дорад. Шикасти ӯ душвор набуд?

- Баъд аз он ки ман бо UFC шартнома бастам, мачмейкер - масъули муҳорибаҳо ба менеҷери ман навишт, ки 5 нафар аз муҳориба бо ман худдорӣ кардаанд. Сабаб дар он аст, ки ман гӯштингир ҳастам ва дар Амрико ба гӯштин аҳамият намедиҳанд. Баъдан вақте Алвесро пешниҳод карданд, ман розӣ шудам. Гуфтам, ки агар дар тақдир набошад, ба як размкори бетаҷриба ҳам бой медиҳам. Бинобар ин, розӣ шудам. Вале ҷиддӣ омодагӣ гирифтам. 3 ҳафта дар Доғистон ва 2 ҳафта дар Амрико тамрин кардам.

 

- Дар куҷо тамрин мекардед?

- Дар Маями. Дар толоре, ки ман тамрин мекардам, 4-5 размкори UFC низ тамрин мекарданд.

 

- Давраи тамрини шуморо кӣ маблағгузорӣ мекунад?

- Маро то ҳол ягон кас маблағгузорӣ накардааст. Бародарон ва оилаам маро дастгирӣ мекунанд.

 

- Дар раунди аввал Алвес эълон кард, ки шумо ангушти дасти ӯро газидед. Ва довар шуморо ҷазо ҳам дод. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Вақте ман Алвесро хобонидам, ӯ монда шуда буд. Талош кард, ки хеста рост ҷанг кунем. Вале ман муқобилият нишон додам. Бразилиягиҳо бисёр нағма доранд. Ӯ ҳам қасдан панҷаи дасташро ба даҳони ман андохт. Баъдан туҳмат кард, ки Нурулло ангушти маро газид. Ҳол он ки мо резин мепӯшем ва бо он газида намешавад. Дар ягон камера ҳам нест. Вале довар тарафи ӯро гирифт. Зеро вай ҳам аз номи Бразилия ва ҳам Амрико баромад мекард.

- Умуман, то расидан ба UFC шумо роҳи дарозро тай кардед. Чаро роҳи варзишро интихоб кардед?

- Ман фикр намекардам, ки варзишгари касбӣ мешавам. Бародаронам, ки варзишгар буданд, маро ба мусобиқаҳояшон тамошо мебурданд. Аввал ба гӯштини тарзи озод рафтам. Ва баъдан аз паси бародарам ба муҳорибаҳои омехта гузаштам.

 

- Фикри рафтан ба UFC ба сари шумо аз куҷо пайдо шуд?

- Вақте ман 3 бор чемпиони ҷаҳон ва 3 бор чемпиони Осиё шудаму ба касбӣ гузаштам ва камарбанд гирифтам, UFC бароям шавқовар шуд. Зеро ин майдон дар варзиши мо қуллаи баландтарин аст.

- Барои расидан ба ин саҳна чӣ душвориҳоро тай кардед?

- Ман сахт азоб кашидам. Гӯшнагиро ҳам дидам. Вақте дар Москва тамрин мекардам, барои тамрин ҳамагӣ як либос доштам. Бинобар ин, дар байни тамринҳо либосҳоямро шуста, бо дарзмол хушк карда, мепӯшидам. Дар 20-30 дараҷаи сардии Москва бо красовкаи тобистона мегаштам. Вале шукр, ҳамааш пушти сар шуд.

Ҳадафи ман як аст: Муаррифӣ кардани Тоҷикистон. Вақте дар Амрико Дана Уайт - роҳбари UFCро қапида гуфтам, ки ман аз кишвари дури Тоҷикистонам, ба ман як шонс деҳ, “Тоҷикистонаш чӣ?”,- гуфт назарногирона. Гуфтам, ки Тоҷикистон чӣ не, давлат аст. Бинобар ин, талоши ман барои муаррифии Ватан буд.

- Шуморо “Уқоби тоҷик” мегӯянд. Ин тахаллусро ба шумо кӣ дод ва ба он чӣ назар доред?

- Вақте барои шартномаи UFC баромад кардам, ҳамон ҷо гуфтанд, ки симои ту ба уқоб монанд аст, бинобар ин, ту “Уқоби тоҷик” ҳастӣ. Ман ҳам розӣ шудам.

 

- Шуморо бисёриҳо ба Ҳабиб Нурмухаммедов монанд мекунанд. Ин ба шумо хушоянд аст ё не?

- Аллоҳ моро каме монанд кардааст, вале ман Нурулло ҳастам ва тоҷикам.

 

- Пас аз шумо Лоиқ Раҷабов ҳам дар нахустин разми худ дар UFC ғолибият ба даст овард. Дар бораи Лоиқ чӣ фикр доред?

- Лоиқ бародар аст. Дар як толор тамрин мекунем. Лоиқ бениҳоят варзишгари хуб ва ботаҷриба аст.

- Киҳо аз варзишгарони тоҷик шонс доранд, ки дар ояндаи наздик ба UFC роҳ ёбанд?

- Муин Ғафуров. То охири сол бисёр варзишгарони тоҷик ба майдони UFC мебароянд. Мо роҳро кушодем.

 

- Баъди ғалаба гуфтед, ки ба Тоҷикистон меоед ва оиладор мешавед. Тӯй кай баргузор мешавад?

- Ҳоло арӯс наёфтаам.

 

- Дар нахустин нишаст гуфтед, ки ғалабаатонро ба модаратон мебахшед, зеро баробари шумо чанд рӯз парҳез карданд. Дар бораи падару модаратон бигӯед. Онҳо чикора ҳастанд ва то куҷо розиянд, ки шумо ба чунин варзиши хатарнок машғул шавед?

- Падарам тоҷик ва модарам хонашин ҳастанд. Онҳо аз оғоз розӣ набуданд, ки ман ба муҳорибаи омехта машғул шавам. Баъди ҳар муҳориба, вақте хона меомадам, мегуфтанд, ки ин охирин бор! Баъдан фаҳмонидам, ки ин роҳи ман аст. Модарам албатта ғамгин мешаванд, ягон муҳорибаи маро тамошо намекунанд. Як рӯз пеш аз муҳориба зодрӯз доштанд. Ман гуфтам, ки ғалабаамро ба зодрӯзатон туҳфа мекунам.

 

- Хабаре нашр шуд, ки шуморо дар ИМА дуздон ғорат кардаанд. Ин қазия чӣ тавр сурат гирифт ва бо чӣ анҷомид?

- Вақте муҳлати меҳмонхона тамом шуд ва мо бояд онҷоро тарк мекардем, сумкаҳоро дар мошин гузоштем. Мошин дар таваққуфгоҳи меҳмонхона буд ва мо сумкаҳоро дохили он монда, барои харидани қаҳва ба дохили меҳмонхона даромадем. Аз байн 5-6 дақиқа гузашт ва қаҳва гирифта баромадем, ки тирезаҳои мошин шикаста ва сумкаҳоямон нест. Кормандони пулисро даъват карда, дурбинҳои назоратиро дидем. Дуздҳо омада, тирезаи мошинро шикаста, сумкаҳоро гирифтаанд. Гуфтанд, ки ҷустуҷӯ дорем, вале то ҳозир ягон хабар нест.

 

- Муҳорибаи навбатӣ кай баргузор мешавад ва шуморо чӣ душворӣ дар пеш аст?

- Рақиб маълум нест. Бояд моҳҳои июн-июл ба майдон бароям. - Чанд сол карераи худро идома медиҳед? - То чемпион шуданам. Вақте камарбандро овардам ва дар он лаби дунё бигӯянд, ки Нуруллои тоҷик ҳаст, баъд бас мекунам.

 

Мусоҳиб: Одил Нозир

 

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...


Наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Тими мо дар даври охир бо Ӯзбекистон мусовии 0:0 анҷом дода, бо 10 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мусобиқа бо иштироки 5 даста — Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон,...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...