Роҳ ба сӯйи Олмон

Роҳ ба сӯйи Олмон

Роҳ ба сӯйи Олмон

Рӯз аз рӯз сафи забономӯзон дар кишвар зиёд шуда истодааст. Наврасону ҷавонони мо бо ду сабаб забони хориҷӣ меомӯзанд — якум, барои таҳсил дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ; дуюм, барои имкони кору зиндагӣ пайдо кардан дар дигар давлатҳо.

 

Юсуф Амакиев омӯзгори забони олмонӣ аст, ки ҳам дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва ҳам дар маркази забономӯзии “Ориён, забон омӯз” 16 сол инҷониб ба донишҷӯёну хоҳишмандон дарс мегӯяд ва барои шогирдонаш роҳро ба Аврупо боз мекунад. Мо бо эшон доир ба муҳимияти забономӯзӣ, роҳҳо ва имконоти сафар ба Олмон ва ғайра ҳамсуҳбат шудем.

 

Омӯзгор — роҳнамо

— Омӯзгорӣ касби серталаб ва бисёр мушкил аст. Чаро ин касбро интихоб кардед?

— Ман дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаам, бародаронам омӯзгор буданд. Медидам, ки онҳо чӣ гуна барои соҳибилму бомаърифат шудани шогирдонашон талош мекунанд ва аз ин шавқ мебурдам. Бинобар ин, ба қароре омадам, ки забон омӯхта, муаллим шавам. Омӯзгорӣ барои ман касб не, балки маънои зиндагӣ, ишқ аст.

 

— Чаро маҳз забони олмониро омӯхтед?

— Вақте 10-сола будам, як филми олмониро бо номи “17 лаҳзаи баҳор” тамошо кардам ва аз ҳамон ҷо шавқи омӯхтани забони олмонӣ дар қалбам пайдо шуд. Яъне, ман аз 10-солагӣ забон меомӯзам ва инак, 43 сол мешавад, ки ба қавле дар даруни забони олмонӣ меҷӯшам.

 

— Дар ҳоли ҳозир ба андешаи шумо омӯзгор дар ҷомеа чӣ рисолат дорад?

— Рисолати омӯзгор роҳнамоӣ аст. Омӯзгор бо донишу хиради худ ҳамчун шахси намунавӣ шогирдонро ба роҳи рост ва накӯкорӣ роҳнамо мегардад. Ӯ инсони покдилу нексириштест, ки муваффақияти худро дар пешравию донишомӯзии шогирдонаш мебинад ва пайваста мекӯшад, ки чун шамъ равшанкунандаи ҳаёти онҳо бошад. Ҳоло рисолату вазифаи омӯзгор хеле бурузг аст, зеро падидаҳои замони муосир диққати хонандагону донишҷӯёнро ҳар замон ҷониби худ ҷалб мекунанд ва барои онҳоро ба илмомӯзӣ роҳнамоӣ кардан кӯшиши зиёд мебояд кард.

 

Омӯзишу омӯзонидани

забони хориҷӣ

— Шумо таъсисдиҳандаи маркази забономӯзии “Ориён, забон омӯз” ҳастед. Бигӯед, ки дар марказ дарсҳо чӣ гуна мегузаранд?

— Шукр, даҳ сол мешавад, ки маркази забономӯзии мо фаъолият мекунад. Аз ин марказ садҳо нафари синну соли гуногун забон омӯхтаанд ва ҳоло дар дохилу хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Мо ифтихор дорем, ки ба онҳо кумак кардем. Дарсҳои мо ҳафтае се маротиба дусоатӣ мегузаранд.

 

— Шумо дар баробари фаъолият дар маркази забономӯзӣ, боз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳам дарс мегӯед. Бигӯед, ки дар куҷо ба шумо дарс додан осонтар аст?

— Дар донишгоҳ дарс додан осонтар аст, чунки онҳо аллакай донишҷӯ ҳастанд, сатҳашон баробар аст, дар бораи забон тасаввурот доранд. Аммо дар марказ синну соли забономӯзон гуногун аст. Ин боис мегардад, ки раванди дарсгузарӣ халал ёбад, чунки фаҳмишу ҷаҳонбинӣ фарқ дорад ва ҳар забономӯз ба қадри худ мавзуҳоро дарк мекунад.

— Барномаи таълимии марказро чӣ гуна сохтаед ва як забономӯз дар чанд муддат забони олмониро меомӯзад?

— Дар марказ мо бо усули интерактивӣ (усули фаъоли таълим) дарс мегузарем. Ин усули аврупоист ва барои омӯхтан, махсусан аз худ кардани забони хориҷӣ хеле мувофиқ аст. Дар муддати шаш моҳ забономӯзон метавонанд озодона бо забони олмонӣ суҳбат кунанд.

 

— Ҳоло хурдтарин ва калонтарин шогирдатон чандсолаанд?

— Аз 11-сола то 55-сола.

 

Чӣ гуна метавон ба Олмон рафт?

— Барои ба мактаби олии Олмон дохил шудан чанд муддат бояд дар Ватан забон омӯхт?

— Ин масъала нозукиҳои худро дорад. Таҳсил дар Олмон ба шарте имконпазир мегардад, ки забономӯз ҳадди ақал якуним сол забон омӯзад ва гувоҳномаи “С1”-ро ба даст орад.

— Ин гувоҳномаро чӣ гуна метавон дарёфт кард?

— Забономӯзон барои гирифтани гувоҳномаи “С1” дар Филиали Донишкадаи ба номи Йоҳан Волфганг Гёте дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар Душанбе дар маркази забономӯзии „SLZ“ имтиҳон месупоранд.

 

— Аксари онҳое, ки забони олмонӣ меомӯзанд, ният доранд пас аз омӯзиш ба Олмон сафар карда, кор ё таҳсил кунанд. Ба онҳое, ки мақсади кор кардан дар Олмонро доранд, шумо чӣ кумак карда метавонед?

— Пас аз муддати муайяни таҳсил, ман аз шогирдонам мақсади омӯзиш ва нақшаҳои ояндаашонро мепурсам. Ба онҳое, ки бо нияти кор кардан ба Олмон сафар намудан мехоҳанд, мусоидат мекунам, ки бо намояндагони ширкатҳои корфармо тариқи интернет ҳамсуҳбат шаванд. Дар натиҷаи мусоҳиба маълум мешавад, ки шогирдони ман аз имтиҳони онҳо мегузаранд ё не. Агар ба ширкатҳои корфармо лозим бошад, ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба кор мефиристем.

 

— Мутахассисони кадом соҳаҳо ба Олмон лозим аст?

— Аввалан, мутахассисони тиб бисёр лозиманд ва ҳар нафар метавонад дар ин соҳа кор ёбад. Мутахассисони хоҷагии қишлоқ, аз қабили обёрӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайраҳо ниҳоят даркоранд. Ва боз даҳҳо касбу кори дигар, аз ҷумла, сартарош, ошпаз, кафшергар, оҳангар, электрик…

 

— Шумо аз соли 2006 инҷониб ба омӯзонидани забони олмонӣ машғулед. Бигӯед, ки дар ин муддат чанд шогирдатон имкони ба Олмон сафар карданро барои таҳсилу кор пайдо карданд?

— То ҳол тахминан зиёда аз чор ҳазор шогирди ман барои таҳсил ва кор ба Олмон рафтаанд, ки аз ин теъдод 50 фисадашро донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ташкил мекунад.

 

“Мусоҳиб: Ҳ. Тоҳирӣ”

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...