Чаро аз бинӣ хун меравад?

Чаро аз бинӣ хун меравад?

Чаро аз бинӣ хун меравад?

Баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво ҳолатҳои хунравӣ аз бинӣ бештар мушоҳида мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки сабаби ин чист?

 

Гарм шудани ҳаво ба ҳолати равонӣ ва ҷисмонии инсон таъсир мерасонад,- мегӯяд табиби ботаҷрибаи бачагон Собир Абдиев.- Чунки дар натиҷаи таъсири гармӣ кори бисёр узвҳои мо халалдор мегардад. Инсон худро беҳол эҳсос мекунад. Инчунин, дар ҳавои гарм ҳолатҳои хунравӣ аз бинӣ низ меафзояд, ки ин як қатор сабабҳо дорад. Масалан, дар натиҷаи аз ҳад зиёд асабонӣ шудан аз бинӣ хун меравад. Ҳангоми бисёр истеъмол кардани доруҳо низ хун тунук гардида, ҳолати хунравӣ мушоҳида мешавад. Чунин ҳолатро дар пиронсолҳо низ дидан мумкин аст. Баланд шудани фишори хун, сармохӯрӣ ҳам боиси хунравии бинӣ мегарданд.

Бино ба маълумоти мутахассисон, аз бинӣ замоне низ хун ҷорӣ мешавад, ки ба рагҳои хурди дохилии бинӣ осебе расад: зарба ба бинӣ, атсаи сахт кардан ҳангоми сармохӯрӣ, ангушт ба дохили бинӣ бурдан ва монанди инҳо. Мавридҳои ногаҳонии хунравӣ аз бинӣ мумкин аст шадид бошад, аммо маъмулан миқдори хеле ками хун аз он берун мешавад.

— Хунравӣ аз бинӣ ҳам меъёр дорад,- илова кард Собир Абдиев.- Дар аксар маврид тавассути хуншавии бинӣ хунҳои олудаи организм мебарояд. Бинобар ин, аз ин набояд ҳаросид. Мо бояд имкон диҳем, то хунҳои олуда берун раванд. Ҳамчун шифокор маслиҳат медиҳам, ки вақте аз бинӣ хун меравад, ҳеҷ гоҳ сарро ба ақиб напартоед. Хун ба ақиб рафта, гулӯгиру нафасгир карданаш мумкин аст. Ё хун ба роҳи нафасгирӣ шорида, дохили меъда мешаваду вазъро бадтар мекунад ва боиси дилбеҳузурӣ мегардад. Ғайр аз ин, бемории гайморит (варами пардаи луобии бинӣ) ҳам аз ҳамин сабабҳо ба вуҷуд меояд.

 

Вақте аз бинӣ хун ҷорӣ мешавад, моро зарур аст, ки андак ба қафо такя намуда, бо рӯймолча, коғази тоза ё пахта биниро аз ҷое, ки устухон нест, ба муддати 10 дақиқа бо дасти худ дорем. Ва ё нимаи болои танро каме баланд карда, ба бистар хобем ва ба бинӣ дока ё пахта гузошта, кӯшиш намоем, ки хунравӣ қатъ гардад. Бо гузашти 10 дақиқа дастро аз бинӣ мегирем. Агар хунравӣ қатъ нашавад, бори дигар, ба муддати 10 дақиқа нигоҳ медорем. Баъди ҷамъ 20 дақиқа бояд хунравӣ қатъ шавад. Агар хунравӣ қатъ нагардад, албатта ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Бояд гуфт, ки баъди манъи хунравӣ як муддат дароз кашида хобидан, аз ҳаракатҳои тез худдорӣ кардан, бинӣ наафшондан, хӯроки гарм нахӯрдан лозим аст.

 

«Пресса.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...