Аз зуком то саратон

Аз зуком то саратон

Роҳҳои камхарҷи табобат аз Саидҷон Нодирӣ. Ба суроғаи саҳифаи “Канзи шифо”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” суолҳои зиёде ворид мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки бо ҷалби мутахассисон ба ҳамаи суолу дархости хонандагон посух бигӯем. Ин ҳафта ба чанд пурсиши хонандагон Саидҷон Нодирӣ, номзади илми тиб посух мегӯянд.

 

Карам - аҷали грипп

Фарзандонам дар фасли сармо зудзуд шамол кашида, бемор мешаванд. Мехоҳам донам, ки оё грипп ва шамолкаширо бо усулҳои халқӣ табобат карда мешавад ё не?

 

Посух: Албатта мешавад. Яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирӣ намудани грипп ва шамолкашӣ ҳамарӯза карам хӯрдан аст. Карам беҳтарин даво бар зидди шамолкашист. Ҳар рӯз карамро намак карда, бо сабзӣ, пиёз ва кабудӣ истеъмол намоед, грипп шуморо нороҳат намесозад. Аз карам хӯришҳои гуногун тайёр карда, нӯши ҷон сохтан мумкин аст. Шумо метавонед карамро майда реза карда, намак кунеду аз болояш як себро аз турбтарошак гузаронед ва мазза карда хӯред. Ин хӯриш хунро тоза карда, ба дил нерў мебахшад.

 

Саратон дар гӯшу бинӣ мешавад?

Мегӯянд, ки дар гўш, бинӣ ва ҳатто дар гулў низ саратон пайдо шуда метавонад. Бемории саратонро сари вақт муайян ва табобат кардан мумкин аст?

 

Посух: Дар ҳақиқат бемории саратон дар        узвзҳои лор ҳам дучор меояд. Варами ғадудҳои гулў ва холигии биниро зуд муайян намудан мумкин аст. Барои сари вақт муайян намудани варамҳои садопардаҳои гулӯ бемор бояд баробари гирифтани овозаш фавран ба мутахассис муроҷиат кунад. Одамони синнашон аз 50-сола болоро лозим аст, ки барои пешгирии чунин бемориҳо зуд-зуд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

 

Гулӯдард одамро ревматизм мекунад?

Зуд-зуд гирифтори дарди гулў мешавам. Шунидам, ки гулӯдард метавонад одамро ба ревматизм гирифтор намояд. Ин гапҳо ягон асос доранд? Барои пешгирии дарди гулӯ чӣ чораҳо андешам?

 

Посух: Шахсоне, ки зуд-зуд аз дарди гулӯ азият мекашанд, гирифтори бемории бардавоми варами ғадуди бодомшакли гулў (тонзиллит) буда, бояд дар шароити амбулаторӣ муолиҷа бигиранд. Барои бартараф намудани ин иллат ғадудҳои гулўро шуста, муолиҷаҳои физиотерапия мегузаронанд. Бемориро сари вақт табобат накунед, дар ҳақиқат касро ба тарбод - ревматизм гирифтор карда метавонад.

 

Дифтерия кӯдакро мекушад?

Шунидам, ки хатарноктарин беморӣ барои кӯдак дифтерия ба шумор меравад. Мегӯянд, ки ин беморӣ кӯдакро мекушад. Метарсам, ки фарзанди ман низ ба ин касалӣ гирифтор нашавад. Мегуфтед, ки дифтерия чӣ гуна беморист ва чӣ нишонаҳою чӣ хатар дорад?

 

Посух: Гулўзиндонак (дифтерия) касалии сироятӣ буда, аз одами бемор ба шахси солим мегузарад. Маъмулан ин беморӣ бо таби баланди 39-40 аз худ дарак медиҳад. Нармии ғадудҳои гулў, пайдо шудани қабати сафед дар ком нишонаҳои ин беморӣ ҳастанд. Қабати сафед ба садопардаҳои гулў гузарад, гирифтани овоз эҳсос шуда, метавонад ба оқибатҳои бад оварда расонад. Барои ҳамин, сари вақт ба мутахассис муроҷиат кардан лозим аст.

 

Давои бемадорӣ чист?

Вақтҳои охир худро чунон беқуввату бемадор эҳсос мекунам, ки ҳатто баровардани партов низ бароям душворӣ мекунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хӯрам, ки қуввату мадор бигирам?

 

Посух: Рўзе як қошуқча асал истеъмол намоед. Асал хеле хуштамъ ва дорои нерўи зиёди тиббӣ буда, моддаҳои таркибаш зуд ба хун ҷабида мешаванд ва барои худро бардам эҳсос намудан ба шумо ёрӣ мерасонанд. Асал дорои витаминҳои ҳаётан муҳим буда, дил ва тораҳои асабро устаҳкам менамояд.

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Нишонаҳои инфаркт дар мардон ва занон ба ҳамдигар хеле монанд буда, беморӣ асосан бо пайдоиши дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад, вале баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ дорад.   Тавре ки таҷрибаҳои чандинсолаи табибон нишон медиҳанд, инфаркт дар мардон аллакай дар синни 45-солагӣ...