Тут давои бемории қалб

Тут давои бемории қалб

Тут давои бемории қалб

Тут ҳамчун дарахти зиёдумри сояафкану серҳосил машҳур аст. Баргаш ғизои кирмак ва меваи ширинаш ғизои одамон аст.

 

Ин навъи мева барои бардавомиву дарозумрии инсонҳо солҳост, ки миёни мардуми Шарқ маъмул аст. Тут аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ бой буда, дар худ калсий, магний, оҳан ва амсоли онҳоро дорост. Хусусиятҳои шифобахшии тути хушккардашударо донишмадон барои беморони гирифтори қалб, фишорбаландӣ, тоза кардани гурдаҳо ва узвҳои ҳозима тавсия кардаанд. Истеъмоли афшурдаи тут бошад, хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, дар бартараф кардани варами даҳон, илтиҳоби захми меъда ва дарди гулӯ муфид аст. Инчунин, барги таркардашудаи тут барои ба зудӣ бартараф кардани таб истифода мешавад.

ТАЪКИД: Давоми 4 ҳафта бо меваи тару тозаи тут табобати беморони дилро таҷриба кардаанд. Ҳамарӯза ба беморон 4 маротиба 200-300 грамм истеъмол намудани тути тару тозаро тавсия дода, расман озмоиш гузарониданд. Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки давоми як моҳи табобат дарди дили онҳо кам гардидааст.

 

Шоҳтут

 Давои бемориҳои меъдаву рӯда. Мизоҷи шоҳтут дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он:

  1. Агар самари расидаи шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, хилти сафроро тит ва пароканда месозад, варамҳои гарммиҷози ҳалқро мегардонад ва таҳлил медиҳад.
  2. Агар бо оби самари шоҳтут ғарғара кунанд ё он обро дар даҳан гардонанд, решҳои раддӣ, ҷӯшиши даҳан ва обилаҳои он, варамҳои ҳалқ, ком ва забонро дафъ мекунад.
  3. Хӯрдани меваи шоҳтут захми рӯдаҳо, исҳолҳои гарм ва хунинро шифо мебахшад. Хусусан хушки онро бо оби кашнизи тар ва оби коснӣ бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҳар ҷойи бадан ба меъда рехта шаванд.

ТАЪКИД: Аз ҳад зиёд хӯрдани меваи шоҳтут ба узвҳои даруни сина, шуш ва асаб зарар дорад. Дар ин маврид асал ва оби анор ошомидан даркор аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

 

«Пресса.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...