13 маслиҳати муфид дар боби мевагӣ ва кӯдакон

13 маслиҳати муфид дар боби мевагӣ ва кӯдакон

13 маслиҳати муфид дар боби мевагӣ ва кӯдакон

Меваҳо аз витамину минералҳо ва клетчатка бой ҳастанд, бинобар ин, онҳоро ҳатман ба ғизои кӯдакон дохил кардан лозим аст.

 

Имрӯз мо 8 маслиҳати муфидро дар бораи мевагӣ ва фоидаҳои он ба саломатии кӯдакон манзури шумо месозем:

  1. Меваҳо аз витаминҳои гурӯҳи А, В, С бой буда, дар баробари ин, йод, синк, селен, оҳан, фосфор, натрий, калсий, магний ва дигар моддаҳои муфид доранд, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки ба ҷойи қанду ширинӣ ба фарзандонатон бештар мевагӣ диҳед.
  2. Одамони сарватманд кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандонашон бештар меваҳои хориҷӣ харидорӣ намоянд, вале ин чандон амали оқилона нест. Маслиҳати мо ба шумо он аст, ки меваҳоро мутобиқ ба мавсим харидорӣ намуда, бештар ба меваҳои ватанӣ бартарӣ диҳед. Якум: Меваҳои ватанӣ тару тоза ҳастанд ва хатари бемор шудани кӯдакон баъди истеъмоли мева камтар аст. Дуюм: Барои он ки ба зудӣ вайрон нашаванд, ба меваҳои хориҷӣ маводҳои зиёди кимиёвӣ мепошанд, ки метавонад боиси заҳролудшавӣ гардад. Сеюм: Организми кӯдакон меваҳои ватаниро хубтар қабул мекунад, зеро ба ин меваҳо одат доранд.
  3. Танҳо себ ё шафтолу хӯрдан кифоя нест, кӯшиш кунед, ки ба кӯдакони худ меваҳои гуногун диҳед, то ки организмашон тамоми маводҳои муфидро гирифта тавонад.
  4. Дар ёд дошта бошед, ки бо дандон газида хӯрдани мева ба кӯдакон фоида дошта, решаи дандонҳоро мустаҳкам месозад ва вораҳои дандонро бо витаминҳои зарурӣ таъмин менамояд.
  5. Аслан хӯрдани меваҳои тару тоза барои кӯдакон бештар фоида дорад, вале барои рангорангӣ шумо метавонед ҳафтае 1-2 маротиба аз намудҳои гуногуни мева компот тайёр кунед ё аз мевагӣ ҳар хел шириниҳо пухта, ба фарзандонатон диҳед.
  6. Аз байни меваҳои хориҷӣ грейпфрут аз ҳама фоиданоктар аст, зеро дар таркиби он ба миқдори зиёд витамини С, равғанҳои эфирӣ, минералҳо, клетчатка ва фитонсидҳо мавҷуд буда, дар мубориза бо бактерияҳои гуногун ёрӣ мерасонад ва кори узвҳои ҳозимаро ба низом медарорад. Ин меваро ҳатман ба ғизои кӯдаконе, ки ба касалиҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифторанд, дохил кардан лозим аст. Фақат эҳтиёт шавед, ки мева аллергия надиҳад.
  7. Дар як рӯз ба ҳар як кӯдакатон ҳеҷ набошад як донагӣ себ диҳед. Себ аз витаминҳои С ва В бой буда, ҳамчунин оҳан, калий, антиоксидантҳо, пектин ва клетчатка дорад. Истеъмоли себ барои аз организми кӯдак баровардани моддаҳои заҳрнок ва поксозии ҷисм ёрӣ мерасонад. Иштиҳоро мекушояд. Асабро ором карда, хоби орому бароҳати кӯдакону наврасонро таъмин менамояд. Себро пӯст ва пора накарда, ба кӯдак додан беҳтар аст.
  8. Лимӯ дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар ҷойи аввал меистад, бинобар ин, ҳатман ба кӯдакон онро додан лозим аст. Азбаски лимӯ аз ҳад турш аст, ба волидон маслиҳат дода мешавад, ки ба кӯдакони хурдсолашон ба ҷойи лимӯ лимӯчойи бо шакар ширинкардашуда диҳанд. Лиму иммунитети кӯдакро пурқувват намуда, дар мубориза бо бемориҳояи сироятии вирусӣ ва бактериалӣ на камтар аз антибиотикҳо кӯмак мерасонад.
  9. Тамоми кӯдакон бананро дӯст медоранд. Ин мева ба саломатии кӯдакон фоидаҳои зиёде дорад, вале ба кӯдакони фарбеҳ дар як рӯз аз 1 дона бештар банан додан мумкин нест, зеро он меваи хеле серғизо буда, боиси ба зудӣ вазни зиёд гирифтан мегардад.
  10. Дар фарзандатон нишонаҳои аввалини зукомро пай бурда бошед, ҳатман афлесун диҳед, зеро ин мева аз антиоксидантҳо бой буда, дар фаровардани табби кӯдак ва мубориза бо беморӣ ёрӣ мерасонад. Метавонед ба кӯдак афлесун ё афшура-соки онро диҳед. Фақат дар ёд дошта бошед, ки шарбат-соки афлесун хусусиятҳои фоидабахши худро баъди ҷабидан танҳо 30 дақиқа нигоҳ медорад, ғайр аз ин, клетчатка дар таркиби худи мева, нисбат ба шарбати он бештар аст.
  11. Фарзанди шумо вазни зиёдатӣ дошта бошад, бештар ба ӯ ананас диҳед. Дар таркиби ананас моддаҳои зиёди муфид мавҷуданд. Аз ҷумла он як моддаи махсусе дорад, ки бромелин ном дорад. Ин модда метоболизми организмро вусъат бахшида, равғанҳои баданро об мекунад ва барои халос шудан аз вазни зиёдатӣ ёрӣ мерасонад.
  12. Кӯдаки шумо аз бехобӣ азият кашад, ба ӯ мандарин диҳед. Мандарин кори дилу рагҳои хунгарди онро беҳтар намуда, асаби кӯдакро ором месозад. Ин мева барои халосӣ аз дипрессия ва бехобӣ ёрӣ мерасонад ва ҳамзамон системаи муҳфизатии организм-иммунитети кӯдакро пурқувват месозад.
  13. Кӯдаконе, ки биноии чашмонашон камтар аст, бояд ҳарарӯза хурмо хӯранд. Хурмо аз витаминҳои гурӯҳи А. С ва Р бой буда, дар таркибаш йод ва оҳан низ дорад. Ин мева нури чашмро равшан гардонида, кори системаи асаби кӯдакро фаъол месозад, бар замми ин, ба бемории чоғар фоида дорад. Хурморо ба кӯдакони аз 3- сола поён додан мумкин нест, чунки боиси гирифтагии рӯдаҳо гашта метавонад.

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...