Равғани зираи сиёҳ мӯйро дароз ва бақувват мекунад

Равғани зираи сиёҳ мӯйро дароз ва бақувват мекунад

Равғани аз зираи сиёҳ (чёрный тмин) омодашуда аз моддаҳои ғизобахш иборат буда, мӯйро қувват мебахшад ва рехтанашро бозмедорад.

 

 Ин равғанро аз дорухонаҳо дастрас кардан мумкин аст. Мабодо мӯйи саратон бо шиддат мерехта бошад, равғани зираи сиёҳро боэҳтиёт ва ба миқдори кам истифода баред. Метавонед барои бештар гаштани таъсири табобатиаш равғани зираи сиёҳро дар як рӯз 3 маротиба якқошуқчагӣ 10-15 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Табобатро аз 4 то 6 ҳафта давом дода, дар байн танаффус намудан лозим аст. Одатан ин равған хеле кам аллергия медиҳад, вале ба ҳар сурат мо ба касоне, ки бори аввал онро истифода мебаранд, тавсия медиҳем, ки қаблан каме равғани зираи сиёҳро ба пушти гӯшашон моланд. Агар дар давоми 24 соат пӯстатон сурх шуда ба сӯзиш надарояд, метавонед бо дили пур равғанро ба мӯятон молед. Занҳои ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта бояд аз истифода бурдани ин равған худдорӣ намоянд.

 

(«Оила.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...