Давоҳои халқӣ барои табобати иллатҳои талхадон

Давоҳои халқӣ барои табобати иллатҳои талхадон

50-сола ҳастам ва қариб 10 сол боз иллати талхадон дорам. Духтурҳо мегӯянд, ки талхадонам санг дорад, вале ба ҷарроҳӣ кардан розӣ нашудам, чунки бе ин ҳам 5-6 маротиба ҷарроҳӣ шудаам. Мехоҳам донам, ки табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба ман чӣ тавсия медиҳанд?

 

Посухи табиб:

- Вақте талхадон санг дорад, илтиҳоб низ дар ин узв дида мешавад. Маъмулан, дарди кунди талхадонро маҳз илтиҳоби ин узв ба вуҷуд меорад, бинобар ин, пеш аз ҳама бояд аз пайи табобати илтиҳоб шуд. Ман ба шумо чанд давоеро тавсия медиҳам, ки ба зудӣ шуморо аз дард наҷот дода, ҳолатонро беҳтар карда метавонанд.

Муъҷизаи “Ҳафтдору” Решаи қоқу, гулу барги кокутӣ, пудинаи боғӣ, талхявшон, чойкаҳак, сумбул-ат-тиб (валериана) ва зираи сиёҳ. Дар зарфе 15 граммӣ аз зираи сиёҳ ва решаи қоқу андохта аз болояш 600 об резед ва муддате биҷӯшонед, сипас ба он аз гиёҳҳои дигари номбаршуда 15 граммӣ андохта оташро хомӯш намоед ва даҳони зарфро пӯшонед. Барои пурра тайёр шудан гиёҳоб бояд 1-2 соат истад. Пас аз ин даворо соф карда, рӯзе 3-4 маротиба ним пиёлагӣ ним соат пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст.

 

Кадом доруҳо фоида доранд?

Доруҳои алохол, холензим ва фламин низ аз давоҳои табиӣ аз қабили зардаи ҳайвонот ва гулу гиёҳҳо тайёр карда мешаванд. Метавонед бе ягон хавф ин доруҳоро истифода баред. Ба саволатон дар мавриди ҷарроҳӣ кардан ё накардан бошад, ҳаминро мегӯям, ки барои дар ин бора маслиҳати аниқ додан, андоза ва шакли санги талхадони шуморо донистан лозим аст.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...