Мубориза бо шабушк

Мубориза бо шабушк

Мубориза бо шабушк

Ба саҳифаи “Канзи шифо” чанд нафар аз хонандагон занг зада, аз он нигаронӣ карданд, ки дар мӯйи сари кӯдакони хурдсолашон шабушк пайдо шудааст.

 

Вале набояд аз шабушк тарсид. Мо ба шумо роҳи мубориза бо онро мегӯем. Паразити чаққон Ҳарчанд шабушкро хоси аҳолии бенаво шуморанд ҳам, сироят ёфтан аз он ниҳоят осон аст. Шабушк ҳатто дар мӯйи сари одамони сарватманду тозатабиат ҳам пайдо мешавад. Ин паразитҳои хурд ниҳоят сернасланд. Шабушк паразити хунмак аст. Он на парида метавонаду на ҷаҳида, лекин дар давидан ниҳоят чаққон аст. Аз ин лиҳоз, шабушк ба зудӣ аз як кас ба каси дигар мегузарад. Бештар кӯдакон гирифтори шабушк мегарданд. Нишонаи асосии шабушк задани мӯй хориши сар аст. Пас аз шонакунии мӯй эҳтимоли пайдо шудани газак вуҷуд дорад. Бар замми ин, гумшавии иштиҳо, бехобӣ ва бар асари он халалёбии системаи асаб сар мезанад. Тозакунии мӯй осон аст? Тоза кардани мӯй аз шабушк он қадар кори душвор нест. Пештар роҳи халосиро дар тарошидани мӯйи сар медиданд. Ин усул самарабахш бошад ҳам, вале на ҳама аз мӯйҳои зебояшон маҳрум шудан мехоҳанд. Алъон, дар дорухонаҳо маҳлулҳои зиёди зидди шабушкро мефурӯшанд. Ҳамаи ин маҳлулҳо самаранок ҳастанду бехатар. Аз паразитҳо бо кумаки ин дорувор бо осонӣ халос мешаведу эҳтимоли дубора гирифтори он шуданатон хеле кам мегардад. Тавсияи тиби халқӣ Новобаста ба он ки фармокология ин мушкилро ниҳоят хуб ҳал мекунад, имрӯз низ аксарият пайрави воситаҳои халқӣ ҳастанд. Киросин ва сирко (уксус) шабушкро нобуд месозанд, вале ришк -тухми шабушкро нест карда наметавонанд. Мӯйи сари духтаратонро бо маҳлули иборат аз 1/2 оби гарм ва 1/2 сирко обгардон кунеду сипас ба сараш кӯлоҳча пӯшонед ва 15-20 дақиқа нигоҳ дошта, баъд шӯед ва шона занед. Зарур ояд, баъди як ҳафта муолиҷаро такрор намоед. Равғани зайтун ҳам барои нест кардани шабушк давост. Ба мӯйи тар равғани зайтун молида, муддати 8-9 соат нигоҳ доштан лозим аст. Пас аз ин сарро шуста бо шонаи майдадандон шона мекунанд. Барои пешгирии такроран шабушк задани сари кӯдакон ба тозагӣ риоя кардан лозим аст. Беҳтарин роҳи мубориза бо шабушк риоя кардани гигиенаи шахсӣ аст.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...