3 роҳи осони табобати камхунӣ

3 роҳи осони табобати камхунӣ

Духтарам ба бемории камхунӣ гирифтор аст. Нав ба шавҳар баромад. Мегӯяд, ки аз камқувватӣ аз уҳдаи кору бори хонаи шавҳар намебарояд. Аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев хоҳиш мекунем, ки усулҳои халқии табобати камхуниро нишон диҳанд.

 

ПОСУХИ ТАБИБ:

- Айни замон мо чанд давои оддиро тавсия медиҳем, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале духтаратонро бояд аз ташхис гузаронида, сарчашмаи бемориашро аниқ намоед, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфта, табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд нусха ҷиҳати табобати камхунӣ.

ЯКУМ. Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуда як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак якҷоя карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок якқошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим. Мо инро дар таҷриба санҷида, боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.

ДУЮМ. Як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба як пиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад.

СЕЮМ. Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...