7-Бемории тирамоҳи

7-Бемории тирамоҳи

7-Бемории тирамоҳи

Фасли тобистон моро падруд гуфта, тирамоҳи заррин низ фаро расид. Офтобаки дурахшон дигар он гармию нармии пештараашро надорад, ҳарорат аллакай хеле поён фаромадааст ва минбаъд ҳаво боз ҳам сардтар мешавад.

 

Табиист, ки тағйирёбии боду ҳаво ба саломатии инсон низ бе таъсир намемонад. Албатта ҳар як фасл бемориҳои мавсимии худро дорад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 бемории тирамоҳӣ ва роҳҳои пешгирию табобаташон маълумот медиҳем. Аз зӯком эҳтиёт шавед! Беморие, ки аз ҳама бештар дар фасли тирамоҳ хурӯҷ мекунад, зӯком аст. Асбаки ҳаво ҳанӯз чандон сард нест, одамон аз пӯшидани либосҳои гарм шарм медоранд ва ҳато дар рӯзҳои боронӣ низ бо либоси тунук ба кӯча мебароянд. Маҳз ҳамин чиз сабаб мешавад, ки кас ба зудӣ шамол кашида, ба зӯком гирифтор шавад. Роҳи пешгирӣ Гирифтор шудан ба зӯком махсус дар шабу рӯзи пандемия бисёр хатарнок аст, бинобар ин, худро эҳтиёт карда, либоси гарм пӯшед. Бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини шамолкашӣ ҳатман лимончойи гарм нӯшед, бегоҳ пойҳоятонро 10-15 дақиқа дар оби гарм бигиред ва аспирин хӯред. Хоришак-систит Ин беморӣ бисёр нороҳаткунанда буда, бештар занону духтаронро азият медиҳад. Шамол кашидани пардаи луобии пешободон боиси хориши сахти узви ниҳонӣ гашта, дар мариз тез-тез хоҳиши ба ҳоҷатхона рафтан пайдо мешавад. Пешоб кам-кам ва бо сӯзиш меояд. Умуман, хоришак бисёр касалии азиятдиҳанда мебошад, бинобар ин худро аз ин касалӣ эҳтиёт намоед. Роҳи пешгирӣ Зебо будан албатта хуб аст, вале солим будан аз зебоӣ муҳимтар, бинобар ин, аз паси мӯд надавида, либосҳои гарматонро пӯшед. Бонувони азиз, ин беморӣ метавонад дар натиҷаи риоя накардан ба тозагӣ низ сар занад, бинобар ин, либосҳои таҳпӯшатонро тез-тез иваз карда, ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоед. Бемориҳои дил ва рагҳои хунгард Ҳавои сарду боронӣ натанҳо табъи инсонро хира месозад, балки ба қалби одамизод низ бе таъсир намемонад. Гумон накунед, ки гап танҳо дар бораи хира шудани табъ ва дилтангӣ аз ҳавои абролуд меравад, мо бемориҳои ҷиддиеро дар назар дорем, ки бештар дар ҳамин мавсим хурӯҷ менамоянд. Тирамоҳ боиси авҷ гирифтани касалиҳои дил ва роҳҳои хунгарди он, махсусан стенкордия, бемории ишшемикии дил ва баланд шудани фишори хун мегардад, бинобар ин, шахсоне, ки ба ин касалиҳо гирифторанд, бояд дар ин мавсим саломатии худро эҳтиёт намоянд. Роҳҳои пешгирӣ Барои пешгирии хурӯҷи беморӣ шумо бояд давоҳои фармудаи табибонро сари вақт гирифта, бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Барои он ки ҷисматон ба тағйирёбии боду ҳаво муқовимат карда тавонад, қувваи муҳофизатии онро пурзӯр намудан лозим аст. Барои пурқувват шудани иммунитетатон бештар меваю сабзавоти тару тоза ва хӯрокҳои серколлория истеъмол кунед. 4. Захми меъдаву рӯда Шахсоне, ки меъда ё рӯдаи дувоздаҳангуштаашон захм дорад, бояд дар мавсими тирамоҳу зимистон хеле эҳтиёткор бошанд, зеро ин бемориҳо дар ҳамин фаслҳои сол бештар хурӯҷ менамоянд. Тағйирёбии боду ҳаво ё реҷаи корӣ, авитаминоз ва стресс метавонад боиси шиддат гирифтани ин касалиҳо шавад. Роҳҳои пешгирӣ Барои пешгирии хурӯҷи дарди меъдаву рӯда ба парҳез риоя кардан лозим аст. Аз хӯрдани хӯрокҳои сахту бирёнӣ ва тунту тез худдорӣ намоед. Бештар оби минералӣ бинӯшед, то хӯроке, ки мехӯред, зуд ҳазм шуда, ба меъда вазнинӣ накунад. 5.Касалиҳои пӯст Дар фасли тирамоҳ баромадани ҳар хел ярачаҳо ва дамидани сурхӣ дар пӯст як амри маъмулӣ гаштааст. Ин захмҳо дар пӯст бар асари шамолкашӣ, паст шудани имунитет ва ҳуҷуми микроорганизмҳо ба ҷисми инсон пайдо мешаванд. Роҳҳои пешгирӣ Ҳусни худро аз даст дода, баднамуд шудан нахоҳед, ба парҳез риоя намуда, кӯшиш кунед, ки аз хоб сер шавед. Аз ҷангу ҷанҷол ва моҷарову кашмакаш худро дур бигиред, зеро асабоният низ боиси пайдоиши дерматит ва дигар касалиҳои пӯст гашта метавонад. 6. Чоғар Дар фасли тарамоҳ коркарди ҳормонҳои ғадуди сипаршак дар организми инсон кам мешавад. Вақтҳои охир худро камқувват ҳис карда, тез-тез ва бе сабаб гиряатон мегирифта бошад, эҳтимоли ба чоғар гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Роҳҳои пешгирӣ Шахсоне, ки ҷогар доранд, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, табобат бигиранд. Барои пешгирии беморӣ бештар маҳсулоти баҳрӣа, ҷумла карами баҳрӣ ва моҳӣ хӯрдан лзим аст. Ба хӯроки худ ҳатман намаки ёддор пошиданро фаромӯш накунед. 7. Бемориҳои системаи асаб Дар фасли тарамоҳ бисёриҳо ба дипрессия гирифтор мешаванд. Сабабҳои ба ин ҳолат дучор шудани одамон хеле зиёд аст-кӯтоҳ шудани рӯзҳо, норасоии нӯрҳои ултробунафш ва витамини Д, хазонрез ва якрангӣ албатта ҳамаи ин табъи касро хеле хира месозад. Бо ҳамин сабаб дар фасли тарамоҳ невроз, психоз, асабоният, бехобӣ ва дигар иллатҳои системаи асаб рӯ мезананд. Роҳҳои пешгирӣ Кӯшиш кунед, ки барои ҳар як майда-чӯйда асабонӣ нашавед. Мабодо чизе асабатонро вайрон кард, дарҳол ягон дорӯи хӯрда, мусиқӣ гӯш кунед ё бо машғулияти дӯстдштаатон машғул шавед. Сайругашт дар ҳавои тоза низ барои ором намудани асаб ёрӣ мерасонад. Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо суд медиҳанд ва тирамоҳро бидуни дарду ранҷу беморӣ гузfронида аз тамошои баргҳои заррин лаззат мебаред.

 

«Фируза Саттори»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...