Табобати бехобӣ бо асал ва ҷурғот

Табобати бехобӣ бо асал ва ҷурғот

Аз бехобӣ азият мекашед? Саломатиатон хуб аст, ягон ҷоятон дард намекунад, вале шабҳо ҳеҷ хобатон намебарад? Тамоми шаб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар тоб мехӯред? Пас ин матлабро бихонед.

 

Бехобӣ мушкили хеле ҷиддӣ буда, натанҳо асабҳои касро хароб месозад, балки метавонад боиси сар задани дарду иллатҳои дигар низ гардад. Аз ҳамин хотир, шахсоне, ки мушкили бехобӣ доранд, бояд ҳатман ба духтури асабшинос муроҷиат намуда, табобат бигиранд. Барои ором гаштани асаб ва хоби бароҳат ҳар бегоҳ 15-20 дақиқа пеш аз ба бистари хоб даромадан ҳаммом кардан лозим аст.

Имконияти ҳар шаб ҳаммом кардан надошта бошед, пеш аз хоб пойҳоятонро то зону дар оби гарм нигоҳ доред.

Барои рафъи бехобӣ ҳамчунин тавсия медиҳем:

Асал дар баробари хусусиятҳои зиёди табобатӣ доштанаш метавонад дар рафъи бехобӣ низ ёрӣ расонад. Орому бароҳат хобидан хоҳед, шабҳо пеш аз хоб як қошуқ асалро бо як пиёла ҷурғот омехта карда, нӯши ҷон созед. Ҷурғот дар ҳазми хӯрок ва кори муътадили меъдаву рӯдаҳо ёрӣ мерасонад, асал бошад, асабро ором месозад ва ҳамин тавр ҷисми шумо оромиш пайдо карда, оромона сар ба болин мегузоред ва бароҳат мехобед.

Барои аз бехобӣ халосӣ ёфтан аз баъзе гиёҳҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Яке аз чунин гиёҳҳои хобовар фавониё мебошад, ки бештар бо номи русии пион машҳур аст. Миқдоре аз ин гиёҳро ҷӯшонида, обашро полонед ва нӯши ҷон созед. Имконияти дастрас кардани ин гиёҳро надошта бошед, аз маҳлули тайёри фавониё, ки дар дорухонаҳо бо номи “настойка пиона” фурӯхта мешавад, истифода баред. Аз ин маҳлул 20-30-қатрагӣ рӯзе 3-4 маротиба нӯшидан лозим аст.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...