Фаллакулча

Фаллакулча

Маҳсулоти лозима: 180 грамм фалла, 2 тухм, 0,5 намак, 50 грамм панир, 40 грамм орди биринҷӣ. Тарзи таҳия: Панирро аз тарошаки сурохиҳояш хурд гузаронед.

 

Ба он тухму намак илова карда, омезиш диҳед. Сипас орди биринҷӣ илова карда, хамир омода созед. Ба тоба коғази пухтупазӣ тунук карда, дар он хамирро бо дастонатон ғафсияш 0,5-0,7 сантиметр тунук кунед. Фаллакулчаро дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 20-25 дақиқа пазед.

 

Чалпак аз сабзкаду

Маҳсулоти лозима: 500 грамм сабзкаду (кабачок), 1 тухм, 1 дона пиёз, 3 қошуқ орд, намак, мурч, 3-4 қошуқ равғани растанӣ. Тарзи таҳия: Кадучаро аз турбтарошаки сӯрохиҳояш васеъ гузаронида, обашро ҷабида партоед. Ба он пиёзи аз турбтарош гузаронидаро бо тухми хом, намак ва каме мурч илова кунед. Мувофиқи табъ метавонед хуштамъкунандаҳои дигарро низ андозед. Ордро кам-кам андохта, нағзакак якҷоя кунед, то ки лӯнда назанад. Равғанро дар тоба тафсонида, аз хамири кадудор якқошуқӣ рехта, дар тоба сурх кунед.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...