8 фоидаи сиёҳалаф

8 фоидаи сиёҳалаф

Дар Тоҷикистон ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Аз ҷумла, сиёҳалаф, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Истеъмоли ин растаниҳо бениҳоят муфид буда, ба сифати маводҳои зиддисироятӣ ва ё антибиотик хизмат мекунанд.

 

Имрӯз мо дар бораи баъзе хусусиятҳои табобатии сиёҳалаф ба шумо маслиҳат медиҳем.

  1. Дар таркиби сиёҳалаф йод хеле зиёд буда, ба гирифторони бемории ғадуди сипаршакл – ҷоғар фоида дорад.
  2. Сиёҳалаф дарди сари бар асари камхунӣ ва норасоии витаминҳо пайдошударо рафъ месозад.
  3. Сиёҳалаф аз витамини С, каротин ва фитонсид бой мебошад. Дар таркиби он ҳамчунин миқдори зиёди намакҳои минералӣ, оҳан, марганетс, калий, руҳ ва йод мавҷуд аст. Сиёҳалаф дорои фитонсидҳои фаъол, сахароза, кислотаи аскорбин (витамини С), бета-каротин (провитамини А) ва витаминҳои РР, В1, В2 буда, норасоии витаминҳоро бартараф месозад.
  4. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, бахусус захми меъда ва гастрит бо туршии баланд истифода бурдан мумкин аст. Барги сиёҳалаф иштиҳоро кушода, ба ҷаббидани ғизо мусоидат мекунад.
  5. Ин растании нодир дар таркибаш антибиотикҳои табиии фаъол дошта, ба мустаҳкамшавии системаи масуният кумак мерасонад.
  6. Сиёҳалаф кори бонизоми дил ва рагҳои хунгардиро таъмин менамояд.
  7. Истеъмоли хӯроки аз сиёҳалаф тайёршуда натанҳо ба меъдаю рӯда, балки ба ҷигар ва дигар узвҳои инсон ҳам фоида дорад.
  8. Сиёҳалаф асабро ором намуда, барои майнаи сар муфид аст.

 

Дар хотир дошта бошед!

Дар хотир бояд дошт, ки алаф дар замин мерӯяд, он бояд бодиққат шуста шавад, то пасмондаҳои хок тоза шаванд. Барои нағз тоза кардани алаф онро як соат дар оби шӯр тар карда, баъд тамоми хоки боқимондаро шуста, сипас аз он хӯрок омода намудан лозим аст. Истеъмоли гиёҳҳои баҳорӣ барои саломатии инсон хеле фоиданок буда, бе тарси зиёд шудани вазн онҳоро истеъмол кардан мумкин аст. Пас, аз фурсат истифода бурда, бештар сиёҳалаф хӯред, то солим ва бардам гардед!

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...