8 фоидаи тарбуз ба саломатии инсон

8 фоидаи тарбуз ба саломатии инсон

8 фоидаи тарбуз ба саломатии инсон

Дар фасли тобистон қариб тамоми намуди меваю сабзавот пухта мерасад, вале хӯрдани тарбуз ва харбуза кайфияти хоси худро дорад. Дар баробари бомазза буданаш тарбуз ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад. На танҳо дила, балки ҳатто пӯчоқи тарбуз низ фоиданок мебошад.

 

  1. Тарбуз организмро аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад.
  2. Дар таркиби тарбуз моддаи ликопин мавҷуд аст, ки барои мубориза бо радиатсияи гуногун ёрӣ медиҳад.
  3. Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар фоида дорад. Дар таркиби тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 чашмро аз ҳар хел инфексияҳо ҳимоя ва хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.
  4. Норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро муътадил нигоҳ медорад. Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.

5.Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз вазни зиёд ранҷ мебаранд. Гирифторони фарбеҳӣ ҳар рӯз тарбуз хӯрда, бо осонӣ метавонанд вазнашонро коҳиш диҳанд.

  1. Нафароне, ки гирифтори фишори баланди хун ҳастанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд, чунки тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад.
  2. Тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад.
  3. Ба гуфтаи табибони уролог, донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст.

 

«Пресса.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...