3 фоидаи тухм

3 фоидаи тухм

3 фоидаи тухм

Бисёриҳо дар субҳона тухм истеъмол мекунанд. Исбот шудааст, ки истеъмоли 2 дона тухм дар давоми рӯз ба саломатӣ боманфиат аст.

 

  1. Хотираро беҳ мекунад. Зардии тухм дорои холинаст, аминокислотаи калидӣ барои интиқоли импулсҳои хурди асаб, ки ба мо кумак мекунад, то ҷузъиётро дар хотир нигоҳ дорем.
  2. Биниш беҳтар мешавад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тухм аз лютеин - витамине бой аст, ки барои нигоҳ доштани биноӣ кумак мекунад. Лютеин табиатан дар чашм пайдо мешавад.
  3. Устухонҳо вадандонҳо мустаҳкам мешаванд. Тухм аз витамини D бой аст, ки сатҳи калсий ва фосфорро дар хун танзим мекунад. Хӯрдани тухм инчунин организмро бо калсий таъмин мекунад, ки ба устухонҳо қувват мебахшад ва аз остеопороз пешгирӣ мекунад.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...